Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дохил ва хориҷи кишвар матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 20 декабр хабар дод, ки тибқи пешгӯии Бонки тавсеаи АвруОсиё, рушди иқтисоди Тоҷикистон соли 2024 ба 7,3% мерасад. Ин маълумот дар пешгӯии макроиқтисодии бонки мазкур барои солҳои 2024-2026 пешниҳод шудааст.
Дар идома зикр мешавад, ки рушди иқтисодии аъзои дигари ин бонк дар соли оянда – Арманистон 5,7 дарсад, Қазоқистон 5, Қирғизистон 4,5, Беларус 2 ва дар Россия 1,5 дарсад пешбинӣ гардидааст.
«Рушди ММД-и Тоҷикистон аз ҳисоби тавсеаи иқтидори саноатӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои металлургия, энергетика, саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва фаъолияти сармоягузории муштарак, аз ҷумла дар доираи татбиқи барномаҳои давлатии рушди иқтисодӣ, таъмин карда мешавад», – омадааст дар гузориши Бонки тавсеаи АвруОсиё.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин мақолае таҳти унвони “IMEI. Бақайдгирии телефонҳои мобилӣ, яъне?!” чоп кардааст. Дар мақола зикр мешавад, ки ҳадафи сосии сабти рамзи ИМЕЙ-и телефонҳои мобилӣ таъмини амният ва пешгирии қочоқи телефону планшетҳои ба кишвар воридшуда мебошад.
Дар идома таъкид мешавад, ки муштариён мафҳумҳои «бақайдгирии дастгоҳи мобилӣ дар системаи давлатӣ» ва «расмиёти гумрукӣ»-ро омехта мекунанд. Бақайдгирии кодҳои IMEI дар системаи давлатӣ комилан ройгон аст.
Барасмиятдарории гумрукии мол бошад, масъулияти воридкунанда – фурӯшанда буда, воридкунанда – фурӯшандаҳо ҳуқуқи фурӯши моли аз расмиёти гумрукӣ нагузаштаро надоранд. Барои барасмиятдарории гумрукии телефону планшетҳо аз арзиши дастгоҳ 15% андоз аз арзиши иловашуда бояд пардохт шавад.
Аз сӯи дигар гуфта мешавад, ки шахсони воқеӣ ҳангоми воридоти молҳои истифодаи шахсӣ, ки арзиши умумиашон аз то 2000 доллар аст ва вазни умумиашон аз 50 кг зиёд нест, аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо пурра озод ҳастанд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 18 декабр мақолае бо номи “Солимии ҷомеа ба тарзи ҳаёти солим вобаста аст” чоп карда, хабар дод, ки ахиран дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Шарҳи пешрафт дар самти солимӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ, инчунин баробарии гендерӣ миёни наврасон ва ҷавонон» суҳбати гирди миз баргузор гардид.
Ба навиштаи муаллиф, намояндаи Маркази ҷумҳуриявии солимии репродуктивӣ Сарвиноз Ғаниева пешниҳод намуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба солимии репродуктивиро дар деҳот бештар бояд кард.
Аз сӯи дигар муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шабнам Раҳимзода пешниҳод кард, ки барои ба қабули духтури занона навбатгирии маҷозӣ (онлайнӣ) ба роҳ монда шавад. Ба гуфтаи вай, ин таҷриба дар бисёр кишварҳои пешрафта роиҷ буда, беҳуда талафёбии вақтро пешгирӣ мекунад.
Дар баробари ин, Сумангул Тағойзода раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ пешниҳод кард, ки чун дар замони шӯравӣ мактаббачагон ҳатмӣ аз муоинаи духтур гузаранд, вагарна бисёриҳо то ҳолаташон вазнин нашавад, ба духтур муроҷиат намекунанд.
Ҳамзамон намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ, подполковник Мансур Бухоризода иброз намуд, ки барои аз бекорӣ ба корҳои ношоям даст назадани наврасон бояд тадбирҳои муҳим андешид. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, дар таътили тобистона аксар хонандагон бе машғулияти муфид мемонанд, зеро аз 2 миллиону 300 ҳазор хонандаи мактаб ҳамагӣ 30 ҳазор нафар ба урдугоҳҳои тобистона ҷалб мешаванд.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин хабар медиҳад, ки ҳайати парламенти кишвар таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҳмадтоир Зокирзода барои иштирок дар ҷаласаи сайёри Шуро ва ҷаласаи шонздаҳуми пленарии Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Русия сафар намуд.
Нашрия ҳамчунин аз мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин Чжан Тсинвэй гузориш дод. Зимни мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Чин дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол менамояд ва Тоҷикистон ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин манфиатдор мебошад. Гуфта шудааст, ки дар таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкории дуҷониба саҳми роҳбарони ҳарду давлат —муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин бениҳоят зиёд аст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 20 декабр мақолае бо номи “Омикорон ё зуком. Аз посухи Вазорати тандурустӣ то маслиҳати мутахассис” чоп карда, масъалаи вуҷуди вируси намуди нави коронавирус дар кишварро матраҳ кардааст.
Дар ин замина Вазорати тандурустии кишвар сару садо дар бораи хуруҷи вируси нави Омикрон дар Тоҷикистонро рад карда, таъкид кардааст, ки ин танҳо хуруҷи мавсимии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас аст.
Ҳамзамон Наврӯз Ҷаъфаров сардори раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустӣ гуфтааст, ки айни замон зарурати роҳандозии чораҳои шадиди пешгирикунанда, аз қабили бастани мактабу дигар муассисаҳо вуҷуд надорад.
Нашрияи “Тоҷикистон” инчунин дар ин шумораи худ масъалаи болоравии арзиши хонаҳои иҷора дар Душанберо баррасӣ карда, навиштааст, ки аз соли нав боз қиматҳо боло мераванд.
Дар ин матлаб, бархе аз донишҷуён аз ноҳияҳои дурдасти кишвар шикоят аз он кардаанд, ки барои иҷораи як манзили 1 ҳуҷрагӣ дар назди донишгоҳи омӯзгорӣ 2 ҳазор сомонӣ иҷорапулӣ медиҳанд. Изова бар ин баъди хабари афзоиши 16 дарсади қимати барқ аз соли нави 2024, бархе соҳшибмулкон аллакай дар фикри боло бурдани арзиши иҷорапулӣ шудаанд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 21 декабр масъалаи болоравии нархи ангишт дар вилояти Суғд дар фасли зимистонро баррасӣ кардааст.
Ба навиштаи муаллиф, то замони бастани шудани марзи миёни Тоҷикситон ва Қирғизистон нархи 1 кг ангишт 1,5 сомонӣ буд, аммо айни замон 3,5 сомонӣ қимат дорад. Дар ҳоли ҳозир танҳо хокаи ин ангишт бо нархи 1.4 сомонӣ фурӯхта мешавад, ки он ҳам харидорӣ зиёд дорад.
Таъкид мешавад, ки ангтишти Қирғизистон аз тариқи Ӯзбекистон ба вилояти Суғди Тоҷикистон ворид шуда, асосан дар ошхона, тарабхона ва нонвойхонаҳо истифода мешавад.
Зиёратшои Аҳмадшоҳ
радиои “Тоҷикистон”