13-уми декабри соли равон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Форуми якуми Тоҷикистону Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ баргузор гардид. Дар кори форум муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин, Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Қудрат Давлатзода, намояндагони корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, намояндагони корхонаҳои истеҳсолии кишвар, махсусан ширкатҳои соҳаи геодезия, таъмини гармӣ ва энергияи сабз ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар Форум Созишномаи таълимии муштарак дар Маркази Лубан аз рӯйи ихтисосҳои геодезияи муҳандисӣ ва таъмини гармӣ байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Донишгоҳи касбӣ — техникии идораи сохтмони шаҳрии Тянҷини Чин ва Донишгоҳи шаҳрсозии Тянҷини Чин дар зинаи бакалавриат ва магистратура ба имзо расонида шуд.
Созишномаи мазкур дар таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, таҳсилоти касбӣ ва технологияҳои амалӣ, инчунин, баҳри таҳкими дӯстии халқҳои ду кишвари дӯст, Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷин, Донишгоҳи шаҳрсозии Тянҷин ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мавриди зикр аст, ки Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – коргоҳи Лубан дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи касбӣ — техникии идораи сохтмони шаҳрии Тянҷини Чин бунёд гардидааст.
Коргоҳи Лубан — бренди машҳури байналмилалии мубодилаи фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Мардуми Чин ва кишварҳои хориҷӣ буда, аз маҷмӯи марказҳои таълимӣ-амалии ихтисосҳои муҳандисӣ иборат мебошад, ки он дар беш аз 20 кишвар — Осиё, Аврупо, Африқо ва Канада бунёд карда шудааст.
Коргоҳи Лубан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин иншооти тарҳи зерин дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, ба татбиқи лоиҳаи мазкур таваҷҷуҳи роҳбарони олии ҳарду кишвар назаррас мебошад. Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – коргоҳи Лубан аз 2 маркази таълимӣ-амалии муҳандисӣ иборат мебошад: Маркази таълимӣ- амалии геодезия ва картографияи интеллектуалӣ ва Маркази омӯзиши амалии энергияи сабз.
Ҳамчунин, дар доираи форуми мазкур бо мақсади пайванди илм ва истеҳсолот, татбиқи таҳсилоти дуалӣ ва ба роҳ мондани дарсҳои озмоишӣ – амалӣ филиали Маркази амалӣ ва таҷрибавии Лубани Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.