Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон

13 декабри 2023 дар Риёз мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини роҳбари Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ Аҳмад Ал-Байз баргузор гардидааст.

Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо маркази мазкурро дар самти татбиқи лоиҳаҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.