БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ МАҶОЗИИ ҲИСОБОТИИ ФОРУМИ РАИСОНИ ШАҲРҲОИ ОСИЁ

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вохӯрии ҳисоботӣ-ҷамъбастии Форуми раисони шаҳрҳои Осиё таҳти раёсати шаҳри Душанбе тариқи маҷозӣ доир карда шуд, ки дар кори он намояндагон аз 32 шаҳри узви ин созмон ширкат доштанд.

Дар вохӯрӣ натиҷаҳои фаъолияти созмон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 мавриди муҳокима ва баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.

Шаҳри Душанберо дар вохӯрӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон намояндагӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки шаҳри Душанбе узви фаъоли Форуми раисони шаҳрҳои Осиё буда, раёсати онро то соли 2025 ба зимма дорад.