Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода дар ҷаласаи 44-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмонии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора аз Кумитаи меъморӣ хабар доданд.
Дар ҳамоиш мавзуъҳои муҳими соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид.
Дар нишаст Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавзуи «Дастрасии бино ва иншоот барои маъюбон ва дигар гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ» маъруза намуд.
Ҳамзамон намояндаи Тоҷикистон дар раванди баргузории ҳамоиш мулоҳизаҳои худро оид ба баррасии масъалаҳои танзими низоми байналхалқии ягонаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ дар сохтмон, ҳамкорӣ дар самти таҳия ва истифодаи меъёру қоидаҳои сохтмонии байнидавлатӣ, нархгузорӣ, рақамикунонии соҳа ва дигар масъалаҳои марбут ба тақвияти самтҳои ҳамкорӣ баён дошт.
Аз рӯи натиҷаи масъалаҳои баррасигардида аз ҷониби аъзои Шурои байниҳукуматӣ ҷиҳати рушди ҳамкорӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.