Имрӯз дар бинои хабаргузории ” Форс” мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ва масъулини ин хабаргузорӣ бо гуруҳи рӯзноманигорони расонаҳои давлатии ҶТ баргузор гардид.
Тавре хабарнигори радиои “Тоҷикистон” Малоҳати Муқим хабар дод, дар вохурӣ Сафири ҶТ дар ҶИЭ зимни суханронии хеш аз рушди муносибатҳои ду кишвар дар самтҳои гуногун ёдовар шуда, зикр намуд, ки Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои таърихию меросии муштарак мебошанд. Ҳамзамон, Низомиддин Зоҳидӣ ба роҳбарияти хабаргузории “Форс” барои ташкили чунин курсҳои омузишӣ арзи сипос намуданд.
Бояд гуфт, ки дар доираи созишномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Садо ва Симои ЧИЭ гуруҳе аз рӯзноманигорони ҶТ баҳри омухтани таҷрибаи расонаҳои эронӣ ва иштирок дар машғулияти омӯзишӣ ба ин кишвар сафар намуданд.
Малоҳати Муқим
радиои “Тоҷикистон”