Баргузории ҳамоиши байналмилалӣ доир ба масъалаи назариявии ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

“Масъалаи назариявии ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” таҳти ин унвон имрӯз дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 75-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, 30-юмин солгарди ба тасвибрасии Конвенсия оид ба рафъи тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон ва Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ баргузор гардид.  Чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир карда шуд.

Дар кори конференсия олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Маҷлиси Олии ҶТ, кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, намояндагон аз вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ВАО, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, инчунин устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд.

Конференсияро декани  факултети  ҳуқуқшиносии ДМТ Парвон Мирзозода бо ифтитоҳ намуда ,аз аҳаммияти Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар ташаккули қонунгузории миллӣ ва дар мавриди дастовардҳои ҳуқуқшиносони тоҷик дар самти қонунгузорӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ суханронӣ кард. Мавсуф, дастовардҳои хоси Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсонро қайд карда, ин дастоварду комёбиҳоро ба фаъолияти шабонарӯзӣ ва роҳбарии дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут донист. Вай таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакро махсус қайд карда, онҳоро ҳамчун дастовардҳои муҳим дар таҳкими мақоми шахсият ва ҳуқуқу озодиҳои инсон донист.

 Дар қисмати пленарии конференсия зиёда аз 21 маъруза дар мавзуъҳои гуногуни ҳуқуқӣ, ба мисли 75 соли Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, назари тоза ба ҳуқуқ ба таҳсил, тарбия ва сифати таълим; тарбияи ҳуқуқӣ-ватандӯстии шаҳрвандон; фарҳанги ҳуқуқи инсон, проблемаи риояи принсипи қонуният дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила; таҳдидҳои ҷаҳони муосир ва ҳуқуқи инсон дар асри XXI; прокурор – ҳомии ҳуқуқи инсон дар мурофиаи ҷиноятӣ; Президенти ҶТ – ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; бастани шартномаи меҳнатӣ бо иштироки хориҷиён ҳамчун шакли амалигардонии ҳуқуқ ба меҳнат; масъалаҳои баҳсноки ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ дар Кодекси мадании ҶТ; алоқамандии ҳуқуқи инсон бо давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ; шаклҳои иҷрои уҳдадории ҳарбӣ дар кишварҳои ҷаҳон, ҳуқуқи истеъмолкунандагон, эҳтимолияти бегуноҳӣ ва нақши ҳокимияти судӣ дар таъмини он ва ғ. мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар конференсия аз ҷониби олимон пешниҳодҳо оид ба инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ ва мукаммал намудани қонунгузории миллӣ дар заминаи санадҳои байналмилалӣироа карда шуд.

Дар фарҷоми конференсияи байналмилалӣ иштирокчиён қатънома қабул намуданд. Таъкид гардид, ки таклифу пешниҳодҳо ва натиҷаҳои конференсия барои такмили қонунгузорӣ ва рушди низоми ҳуқуқии кишвар ба мақомоти дахлдори давлатӣ дастрас карда мешаванд,- иттилоъ дод манбаъ.                              

                           

                 Машраби Холмаҳмад,

радиои “Тоҷикистон