Баъзеҳо бар он назаранд, ки баробари рушди воситаҳои иттилоотии навин талабот ба газетаҳо камтар гардидааст. Дигар сокинон баръакс, зиндагиро бо матбуот рангинтар медонанд.
Газета василаи иттилоотии бебаҳо
– Газета бояд мардумӣ буда, зиндагии мардум, дарди дили халқро фарогир бошад. Забони он бояд забони Айнӣ буда, дар шумораҳои он суҳбатҳои ихтисосӣ; омӯзгор атрофи таълиму тарбия, табиб аз тандурустӣ, кишоварз аз нозукиҳои кишту парвариши маҳсулоти соҳаи хеш сухан бигӯянд, – иброз дошта буд, дар яке аз суҳбатҳояш шодравон Сангалӣ Раҳимов, корманди шоистаи Тоҷикистон, собиқадори соҳаи кишоварзӣ. Ба гуфтаи ӯ арзиши нашрияҳои даврӣ нисбат ба бозор чандон қимат нестанд. Рӯзномаҳо ҳамчун воситаи иттилотии бебаҳо миёни ҷомеа мавқеи хоси худро дошта, ҳеҷ воситаи дигаре наметавонад ҷойгузини онҳо бошад. Бо вуҷуди он, ки ӯ пайваста радио гӯш мекард ва вақт ёфта аз барномаҳои телевизионӣ ҳам баҳравар мешуд, бидуни мутолиаи нашрияҳои даврӣ қаноатманд набуд. Бар он назар буд, ки мутолиа инсонро аз зулмот раҳоӣ ва сӯи рӯшаниҳо роҳнамун месозад.
Кадоме беҳтар: суҳбатҳои кӯчагӣ ё мутолиаи газета?
Раҳим Раҳмонов, корманди хоҷагии “Чорводор”- и ноҳияи Вахш нашрияҳои давриро дар ҳаёти мардум муҳим дониста, мутолиаи онҳоро омили беҳбудии ҳаёт ва ҳалли мушкилу масоили рӯзмарра медонад. Ба гуфтаи ӯ нафари китобу рӯзномахон аз онҳое, ки аз мутолиа дар канор мондаанд, ба куллӣ фарқ мекунад. Аз сӯи дигар, мо бояд дар ҷаҳони рақобатҳо бештар мутолиа намуда, ҳамқадами замон бошем. Аз ин хотир барои хариди газета, ки ба болоравии маънавиётамон мусоидат мекунад, бояд харҷ намоем. Баъзан нафаронеро вомехӯрем, ки маблағҳои худро дар корҳои беҳуда сарф мекунанд, аммо боре ҳам ба дӯкони рӯзномафурӯшӣ ё китобфурӯшӣ нарафтаанд. Мебинем, ки гурӯҳ-гурӯҳ одамон дар кӯчаҳо соатҳо саргарми суҳбат шуда, аксар маврид вақти худро ба беҳудагӯӣ мегузаронанд. Ҳол он ки, аз ин дида беҳтар аст, пайи мутолиа бошем.
Камбудиро низ гуфтан лозим
Маҳмадовуди Мухторзод, сокини ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш мегӯяд, ки нашрияҳоро ҳамчун сарчашмаи хабару рӯйдодҳо ҳамеша мутолиа мекунад. Аз овони наврасӣ ба мутолиа машғул буда, газетаро роҳнамои худ мешуморад, зеро андешаву пешниҳоди дар рӯзномаҳо интишоргардида инсонро ба роҳи неку ояндабахш раҳнамоӣ менамояд. Ҳар ҳафта 10-15 номгӯи нашрияҳои давриро дастрас намуда, аз муҳтавои онҳо баҳравар мешавад. Мусоҳиби мо иброз медоранд, ки газета ҳақиқатнигорӣ мехоҳад. Агар дар он танҳо таърифу тавсиф бошад, мо ба ҳадафи худ намерасем. Бинобар ин, камбудиро низ бояд инъикос намуд. Ҳамчунин, газета минбари омӯзиши илму ҳунар низ ҳаст ва ман аз онҳо барои худ бисёр навгониҳоро пайдо мекунам. Инсони маърифатпарвар ҳеҷ гоҳ барои харидории газета маблағи хешро дареғ намедорад, зеро ба гуфти М. Мухторзод барои инсон дар мадди аввал ғизои маънавӣ муҳим аст.
Аз Твиттеру Фейсбук мехонам
Мусоҳиби дигарамон Сайидамир Вализода, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ иброз медорад, ки солҳои охир ӯ ба мутолиаи рӯзномаҳо чандон таваҷҷуҳ надорад, чаро ки тамоми хабару рӯйдодҳои барояш муҳимро аз шабакаҳои Твиттеру Фейсбук дастрас менамояд, чунки дар замони муосир шабакаҳои иҷтимоӣ дар расонидани иттилоъ пешдастӣ доранд. Аз ҳаёти кишвар ва вилоят бошад тариқи сомонаҳои расмӣ огоҳӣ пайдо мекунам. Дар ҳоле, ки имрӯз воситаҳои иттилоърасонӣ хеле зиёданд, хуб мешуд, ки дар рӯзномаҳо мавзӯъҳои мубрами рӯз бештар рӯи чоп меомаданд.
Хариди газета харҷи пурманфиат
Ҳасан Ғуломов, сокини ноҳияи Кӯшониён мегӯяд, ки дар шароити кунунӣ мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Ба воситаи ахбори рӯзномаҳо аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, навгониҳои кишвар огаҳ мешавем. Мусаллам аст, ки ғизои моддӣ ғизои бадан ва ғизои маънавӣ ғизои рӯҳу равон аст. Ба қавли шоири равоншод Ашӯр Сафар:
Ба одам хӯрдану пӯшидан аз даври фалак будаст,
Ба давлат он ки гирди маснади фарҳанг мегардад.
Барои ғизои маънавӣ гирифтан, яке филми хуб дида, дигаре китоб, саввумӣ рӯзномаву маҷаллаҳои тозанашрро мутолиа менамояд. Агар ғизои моддӣ сабаби зинда мондани ҷисм бошад, ғизои маънавӣ рӯҳи одамиро побарҷо нигоҳ дошта, рангинии равони ӯро пурра мекунад. Матбуот аз замони арзи ҳастӣ доштанаш мавқеи худро гум накардааст. Бо вуҷуди тараққиёт ва рушду нумӯи асри иттилоот, матбуот, яъне газетаҳо ҳамеша фазои иттилоотии ҳаёти ҷомеаро пур карда меистанд. Танҳо дар ин ҷода боз ҳам рангину ҷолибтар пешкаш намудан ба ҳунару истеъдоди рӯзноманигорон вобастагӣ дорад. Ҳамеша дар ҷустуҷӯву дар такопӯ будан, бисёр мутолиа кардан, истифодаи таҷрибаи пешқадам ва ҳоказоро талаб мекунад. Дар ҳоле, ки имрӯз баъзе сокинон моҳона то 300 сомонӣ ва аз он ҳам бештар барои истифодаи интернет сарф мекунанд, сарфи маблағ барои хариди газета ночиз аст. Илова бар ин, рӯзномахонӣ ба донишу маънавиёт ва ҷаҳонбинии мо нақши муҳим дошта, ба солимии ҷомеа, таъсири хуб расонида метавонад. Оилаҳое, ки ба мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо дастрасӣ доранд, аз навгониҳо огоҳ буда, рӯҳияи солим доранд.
PS: Матбуотро василаи пешравии соҳаҳо медонанд. Устод Садриддин Айнӣ барои ба ҷомеаи пешрафта расидан тарбияи “ҷавонони коркун”, “одамони доно”, “ранҷбарони соҳибфикр”-ро муҳим медонад. Ӯ барои ба ин ҳадафҳо расидан таъкид медорад, ки “мо маҷбурем ба тарафи матбуот илтиҷо барем, ҳама якдилу якҷо шуда, чанг бар домани рӯзнома занем, яъне ҳеҷ фурсатро аз даст надода, ба воситаи рӯзномаҷот фикри худро танвир ва маълумоти худро тавсеа намоем. Ба ин восита афкори соибае, ки аз матбуот мегирем, хати ҳаракати ҳозираи худро муайян ва роҳи истиқболи худро равшан созем” (“Шӯълаи инқилоб”, 1919, 6 декабр).
Маҳмадалӣ Акрамов,
радиои “Тоҷикистон”