Насле, ки бояд кори моро давом диҳад…

“Аз ёдҳо аз ёдҳо” – таҳти ҳамин унвон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи ҷумҳурӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, рассоми пуркору сермаҳсул Сабзаалӣ Шариф ба ифтихори 70-солагии нависандаи забардасти тоҷик, равоншод Сайф Раҳимзоди Афардӣ баргузор шуд.

Бояд гуфт, ки Сабзаалӣ Шариф бо марҳум Сайф Раҳимзоди Афардӣ солиёни зиёд риштаи дӯстӣ ва ҳамкориҳои эҷодӣ дошта, дар филми бадеии “Ситораҳои сари танӯр” – и Афардӣ, ки повести худи нависанда буда, дар коргардонии ӯ таҳия гардидааст, ба сифати рассом кор кардааст.

Дар намоииши “Аз ёдҳо аз ёдҳо” асосан аз раванди наворбардории филми болозикр қисса намуда, дар он қаҳрамонҳои ин офарида тасвир ёфтаанд.

Сеҳри муқалами Сабзаалӣ Шариф тариқи назокату нафосати рангҳо дар асарҳои калонҳаҷму пурмуҳтаво басо мунаққашу дилписанд инъикос ёфта, ки бинандаро ба жарф ба олами андеша ва тахаюлу руъёҳо мекашад.

Силсила-асарҳояш бахшида ба рӯзҳои мудҳиши Тоҷикистон, таҳти унвони “Сиёҳу сафед”, бахшида ба модар, силсилаи дигар бо номи “Фариштаҳои заминӣ”, бахшида ба НБО-и Роғун, бахшида ба Сари Хосор, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, ҳамчунин асари бузургҳаҷми монументалӣ таҳти унвони “Аз давра ба давра, аз дида ба дида”, ки толори барҳавои бинои Китобхонаи миллиро зиннатбахшу оробахш мебошад, ба дили бинанда кайҳо раҳ гирифтаанд.

Корҳои монументалияш биноҳои Сирки давлатӣ, Филармонияи давлатӣ, театри Лоҳутӣ, Кохи Борбад, муҷассамаи Рӯдакӣ, Театри опера ва балет, қасри фарҳанг ва бозори шаҳри Кӯлоб, меҳмонхонаи “Тоҷикистон” ва садҳои дигарро шукӯҳбахшанд.

Ин рассоми номии тоҷик дар як қатор кишварҳои дунё низ муъмулу машҳур мебошанд.

Таҳияи Лутфуллои Азиз