Дар Душанбе роҳҳои инноватсионии рушди кишоварзӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи об баррасӣ шуданд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи «Усулҳои инноватсионии рушди илму истеҳсолоти кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, ба баррасии роҳу усулҳои муосири рушди соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим бахшида шуд.

Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин намоиши маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ баргузор гардида, иштирокдорон бо намунаҳои маҳсулот ва дастовардҳои ин соҳа шинос шуданд.

Ҳамзамон, дар доираи барнома конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Ҳамкории илм ва технологияи муосир дар ҳалли масъалаҳои об, идоракунии пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ» низ доир гардид. Дар ин замина, масъалаҳои марбут ба истифодаи дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои муосир барои ҳалли мушкилоти вобаста ба захираҳои об ва пиряхҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Низом Аҷиб

Радиои Тоҷикистон