“Ҷумҳурият”: Бобоҷон Ғафуров бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик аст (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла таҷлил аз  115-солагии  Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷони Ғафуров, раванди мусбат дар музокироти марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, тасвиби лоиҳаи қонуни “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” дар  Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва масъалаи хушксолӣ ва таъсири он ба иқтисоди кишвраҳои Осиёи Марказӣ матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 5 декабр суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик»-ро чоп кардааст.

Сарвари давлат дар суханронии худ таъкид мекунанд, ки маҳз Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ ба таҳқиқи мукаммали таъриху тамаддуни тоҷикон иқдом намуда, дар марҳалаи нави рушди илму фарҳанги тоҷик риштаи тоҷикшиносиро густариш бахшид, ки аввалин падидаи дурахшони он эҷоди асари бунёдии «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» мебошад.

Бо назардошти хизматҳои академик Бобоҷон Ғафуров, Пешвои миллат ба Ҳукумати кишвар супориш дода мешавад, ки масъалаи таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи академик  Бобоҷон Ғафуров барои дастовардҳои назаррас дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон дар арсаи байналмилалиро омӯхта, пешниҳод манзур намояд.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин мақолае таҳти унвони “Театр ва кино.  Аз норасоии рассомон то дилсардии соҳибихтисосон” чоп карда,  масъалаи камбуди рассомони ҳирфаӣ барои соҳаи синамо ва театрро матраҳ кардааст.

Абдурашид Ҷалилов саррасоми киностудияи “Тоҷикфилм” гуфт, ки ин муассиса дар ҷутуҷӯи рассоми кино ҳамвора бо мушкилот рӯбарӯ аст.

Дар ин замина зикр мешавад, ки ҳамасола Колеҷи ҷумҳуриявии расомии ба номи Мирзоаҳмад Олимов 3 ё 4 нафар рассоми театр омода мекунад, аммо донишҷӯён бо сабаби камии музди меҳнат намехоҳанд дар театр ё синамо фаъолияти худро идома диҳанд. 

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 7 декабр хабар дод, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси Намояндагон лоиҳаи қонуни Тоҷикистон  «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» баррасӣ ва тасвиб шуд.

Дар ин ҷаласаи парлумон зикр шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар шакли мукаммал таҳия гардида, он асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун объектҳои муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои обӣ муайян намуда, заминаи корҳои омӯзишӣ, илмию таҳқиқотӣ, назорат ва ҳифзи пиряхҳо ва тадбиқи сиёсати давлатӣ ва байналмилалии Тоҷикистонро дар заминаи ҳифзи пиряхҳо танзим мекунад. Дар ин замина таъкид шуд, ки наздик ба 6 дарсади ҳудуди Тоҷикистонро пиряхҳо ташкил медиҳанд ва дар шароити тағйирёбии иқлим ҳифзи пиряхҳоро тавассути қонуни муайян аҳамияти муҳим дорад.

Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори Тоҷикистон моҳи декабри соли 2022 Қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қабул шуд.

Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар матлаби дигари хеш хабар дод, ки рӯзи 6-уми декабр раиси Маҷлиси миллӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ғолиби озмуни телевизионии Россия — «Биёед, ҳама якҷоя!» Фаррух Ҳасанов калиди хонаи 3-ҳуҷрагӣ тақдим намуданд.

Ёдовар мешавем, ки сарояндаи 25-солаи тоҷик Фаррух Ҳасанов дар мавсими 5-уми ҷашнии озмуни «Биёед, ҳама якҷоя!»-и Шабакаи телевизионии «Россия-1»-и Федератсияи Россия ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Озмун маротибаи панҷум аст, ки дар Шабакаи телевизионии «Россия-1» намоиш дода мешавад.

Мавсими навбатии он 8-уми сентябри соли 2023 оғоз гардид. Фаррух дар финал маҳорати баланд нишон дода, соҳиби Шоҳҷоиза ва 5 000 000 рубл гардид.  Фаррух Ҳасанов, ҳамзамон, соли 2022 сазовори ҷоизаи озмуни миллии «Tarona Music Award» гардида буд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” шумораи рӯзи 6 декабрро пурра ба 115-солагии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ходими номдори давлативу сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров бахшидааст.

Дар мақолаҳои ин шумораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” нақши академик Бобоҷон Ғафуров дар муаррифии фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва ҳамзамон рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон дар замони Иттиҳоди Шуравӣ баррасӣ шудааст.

Аз ҷумла дар мақолаи Шералӣ Кабир вазири саноат ва технологияҳои нав таъкид мешавад, ки Бобоҷон Ғафуров натанҳо дар рушди фарҳанг ва илму маориф саҳм гузошт, балки дар даврони раҳбарии ӯ шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба марказҳои азими саноатӣ табдил шуданд.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 7 декабр бо нашри мақолае хабар дод, ки дар Душанбе нархи ҳадди ақали иҷораи амволи ғайриманқул дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 5,88 дарсад боло меравад. Нишондоди мазкур дар буҷети давлатии Тоҷикситон барои соли 2024 зикр шудааст.

Кумитаи андоз тавзеҳ додааст, ки зарурати зикр кардани ҳадди ақали нархи иҷораи амволи ғайриманқул барои пардохти андоз аз даромад зарур аст. Ба иттилои ин ниҳод бархе соҳибмулкон ҳамноми ба иҷора додани иншооти ғайриманқул дар шартнома нархи ҳақиқии иҷораро барои камтар пардохт кардани андоз,  пинҳон мекунанд.

Нашрияи “Боҷу хироҷ” дар шумоари рӯзи 7 декабр хабар дод, ки дар вилояти Хатлон айни замон 8847 нафар соҳибкорони бо патент фаъолияткунанда ба қайд гирифта шуда, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ин ҳисоб ба буҷет 8,9 млн сомонӣ маблағ ворид шуд.

Ҳамзамон ба навиштаи ин нашрия, бақия қарзи андоз аз ҳисоби соҳибкорони бо патент фаъолияткунанда дар вилояти Хатлон боиси ниграноӣ буда, айни замон маблағи бақияи қарзҳо дар ин бахш 16 млн 638 ҳазор сомонӣ аст.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”