Моҳи ноябри соли 2023 гармтарин моҳ дар таърихи кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Бино ба андешаи коршиносони Хадамоти тағирёбии иқлими Коперник моҳи шашум аст, ки дар саёраи Замин ҳарорати ҳаво ба ҳади рекордӣ расидааст.
Ҳарорати миёнаи моҳи ноябр ба 14,22 расид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин моҳи соли 2020 0,32 дараҷа зиёдтар буд. Ҳарорати оби баҳру дарёҳо низ аз ҳадди муқарарии қаблӣ 0,25 дараҷа боло рафтааст. Арктика ва Антарктида дар давоми шаш моҳи охир сатҳи рекордии пасти яхҳои баҳриро аз сар гузаронидаанд. Иқлимшиносон бар он назаранд, ки на танҳо моҳи ноябр, балки соли 2023 дар умум гармтарин сол дар таърихи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Партоби газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера афзоиш меёбад ва он боиси гармшавии глобалӣ мегардад.