Нашрияи ҳармоҳаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи иттилооти таъҷилиро оиди вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳо ва бахшҳои иқтисодиро барои моҳи охири ҳисобот ва аз аввали сол дар бар мегирад, ба нашр расид.
Дар ин нашрияи нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ моҳҳои январ-октябри соли 2023 динамика аз рӯи моҳҳои соли ҷорӣ оварда шудааст. Агентии омор гузоришро дар асоси маълумотҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, таҳия менамояд.
Дар гузориш оид ба соҳаҳои муҳимтарини истеҳсолот, нақлиёт ва алоқа, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, бозори истеъмолӣ, нарх, молия, бозори меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ, иттилооти васеъ пешниҳод карда шудааст.