Бозии аввали тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Урдун дар марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мусовӣ 1:1 анҷом ёфт. Бозингари тими милии Тоҷикистон Шаҳром Самиев дар дақиқаи 89-ум бозӣ ба дарвозаи меҳмонон як гол ба самар расонид. Аммо, богузашти 3 дақиқа аз ин миён аниқтараш дар дақиқаи охирини вақти иловагӣ ҳамлавари дастаи ҳариф Язан Ал-Наймат бо голи задаи худ ҳисоби бозиро баробар намуд.
Ёдрас мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон бозии дигари худро бар муқобили тими милии Покистон анҷом медиҳад. Бозии ин дастаҳо рӯзи 21-уми ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Исломод доир мегардад.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё 36 даста ширкат мекунанд. Дастаҳо аз 16-уми ноябри соли 2023 то 11-уми июни соли 2024 шаш бозӣ анҷом медиҳанд.