17 ноябр дар доираи сафари корӣ дар ҳошияи ҷаласаи пленарии 56-уми Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии нависандаи халқии Қирғизистон Чингиз Айтматов иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар конфронс роҳбарон ва аъзои ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои адабӣ иштирок доштанд.
Вобаста ба фаъолияти пурмаҳсул ва эҷодиёти пурғановати нависандаи барҷастаи қирғиз – драматург, сенарист ва публитсисити боистеъдод Чингиз Айтматов ибрози андеша намуда, муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз намуданд, ки мероси бадеии Чингиз Айтматов дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҷаҳон бинобар мавҷудияти ормонҳои баланд ва арзишҳои абадӣ қадр мешавад.
Иброз гардид, ки Чингиз Айтматов дар Тоҷикистон на танҳо ҳамчун нависанда, балки ҳамчун шахсияти дорои хислатҳои баланди ахлоқӣ маъруф буда, барои таҳкими дӯстии байни халқҳои тоҷик ва қирғиз кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст. Дӯстии самимии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва нависандаи халқии қирғиз Чингиз Айтматов ибратомез буда, дар таҳкими муносибатҳои адабию фарҳангӣ байни ду давлат мавқеи хос дорад.
Дар ҷараёни ҳамоиш ба меҳмонон филми мустанад оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Чингиз Айтматов ва саҳнаҳои театрикунонидаи асарҳои ӯ намоиш дода шуданд.