Сокинони Душанбе заминларзаи навбатиро эҳсос карданд, ки шиддати онро Маркази назорати сейсмологии Узбекистон 4,5 дараҷа арзёбӣ кардааст. Дар Душанбе қувваи он 3.5-4 балл гуфта мешавад.
Маркази заминларза 25 киллометар аз пойтахт, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб дар умқи 15 километр ҷойгир шудааст.
Қаблан, соати 00:55 дар ВМКБ ларзишҳои зеризаминии 4 дараҷа сабт шуда буданд. То ҳоло аз хисороти ин заминларазаҳо маълумот дода нашудааст.
Ҷунбиши қаблӣ дар Душанбе ҳамагӣ ду рӯз пеш, субҳи 11-уми ноябр ба вуқӯъ пайваста буд, ки шиддати он 4,3 дараҷа гуфта шуд.