11 ноябр дар шаҳри Париж дар ҳошияи иштирок дар иҷлосияи 42-юми Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле доир гардид. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот сатҳу муҳтавои муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО матраҳ гардид. Ҷонибҳо роҷеъ ба 30-солагии шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ЮНЕСКО ва таъсиси Комиссияи миллӣ оид ба ЮНЕСКО ёдовар шуда, нисбат ба расидан ба дастовардҳои нави ҳамкории Тоҷикистон дар кулли самтҳои салоҳияти Созмон изҳори умеду боварӣ намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин мудири кулли ЮНЕСКО-ро ба Тоҷикистон барои анҷоми сафари расмӣ ва ҳамзамон иштирок дар Конфронси сеюми об, ки баргузории он моҳи июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, даъват намуд.