21 ноябр ҳайати олимон ва мутахассисони соҳаи физика, зеҳни сунъӣ, ҳисоббарориҳои зеҳнии калон ва бехатарии шабакаҳои Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсини (CQUPT) Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Институти физикаю техникаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Султон Умаров меояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Институти физикаю техника хабар додааст.
Зимни боздид олимон масъалаҳои таҳқиқоти муштараки пешқадам дар соҳаи технологияҳои ҳисоббарории зеҳнии додаҳои калон, аз ҷумла дар соҳаи маводшиносӣ ва муҳандисӣ, тарҳрезии зеҳнии маводи функсионалии оптоэлектронӣ ва дастгоҳҳо барои равшанӣ, энергетика, дисплейҳо, ҳасосакҳо ва телекоммуникатсияро баррасӣ менамоянд.
Гуфта шуд, ки ҷаҳони муосир бо рушди бесобиқаи технологияи баланд фарқ менамояд ва донишҳои бунёдӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мақоми марказӣ ва ҳалкунандаро дар рушди соҳаҳои саноат ва технологияҳои муосир соҳиб гаштаанд. Аз ҷониби дигар, динамикаи равандҳои илмию таҳқиқотӣ, ихтирооту коркарди технологияҳои нав бо баробари пурқувват шудани омилҳои ҷаҳонишавӣ бо шитоб ва қонунияти нави хосса ба замони муосир рушд менамоянд. Дар чунин муҳити пуррақобат танҳо чораҳои саривақтии комплексӣ ва саҳеҳу дақиқ донистани қонунияти рушди илм имкон медиҳанд, ки бо роҳҳои оптималӣ дар соҳаи илм ҷаҳишҳои мусбат ба даст оварда шаванд.