Имрӯз, 9-уми ноябр бо ташабуси кафедраи филологияи Ҳинду Покистони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мизи мудаввари илмиву амалӣ бахшида ба 146 солагии Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарияти донишгоҳ сафири Покистон дар Тоҷикистон ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст дар чорабинӣ ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода баромад намуда, иброз дошт, ки гузаронидани маҳфили рӯзи Иқбол дар ДМТ ба ҳукми анъана даромадааст. “Ҳарчанд ин як бахши илму фарҳанг бошад ҳам дар маҷмӯъ ифодакунандаи эътибори хос додани аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон ва умуман халқи тоҷик ба мардуми Покистон ва фарҳанги волои он мебошад. Дар ҳақиқат Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бузургтарин шоири асри 20-и на фақат Ҳинду Покистон, балки тамоми кишварҳои Осиё ба шумор меравад. Асарҳои ба забони урду ва форсӣ эҷодкардаи Иқбол чӣ аз ҷиҳати мазмун ва чӣ аз ҷиҳати дарбаргирифтаи масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ ва ахлоқию фарҳангӣ дар адабиёти урду ва форсизабонони Ҳинду Покистон мавқеъ ва мақоми хоса дорад”,-иброз намуд Қобилҷон Хушвахтзода.
Сафири Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки аломма Иқбол шоири пурмаҳсул, донишманди барҷаста, файласуфи бузург ва пеш аз ҳама дурандеши ҳақиқӣ буд.
“Ашъори Муҳамад Иқболи Лоҳурӣ паёми умумибашарӣ дорад ва ба ин раванд ӯ орзуи беҳбудии тамоми башарият новобаста аз он ки дар Осиё, Аврупо, Африқо, Амрико хоҳ Покистон ва хоҳ Тоҷикистон дошт. Фаъолияти ӯ на танҳо ба мусулмонон, балки ба ҳар як инсони дорои эътиқоди диниаш гуногун маҳдуд набуд. Барои мо мояи ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки шоири миллии Покистонро дар Тоҷикистон ҳамчун бо номи Иқболи Лоҳурӣ мешиносанд ва эътироф мекунанд”,-изҳор дошт Сафири Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар.
Ҳамзамон, сардори раёсати кишварҳои осиё ва уқёнуси ором Шералӣ Ҷонон зимни баромади хеш зикр кард, ки Муҳаммад Иқбол шоир ва мутафакири мардуми форсизабони машриқзамин аз ҷумла халқҳои Тоҷикистон, Эрону Афғонистон ва Покистон мебошад. Маҳз дар рафти ҷаласаи лигаи мусалмонони Ҳиндустон дар моҳи декабри соли 1930 аввалин ғояи ташкили давлати алоҳидаи мусалмонон дар нимҷазираи Ҳиндустон аз ҷониби алома Иқбол садо дод.
Ҳамзамон, дар идомаи чорабинӣ устодони кафедраи филологияи Ҳинд роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ маъруза намуданд. Таъкид гардид, ки аломма Иқбол пеш аз ҳама ғами мардуми шарқро мехурд, ки зери асорати мустамликадорони англис монда буданд ва бори гарони зиндагии талхро мекашиданд. Муҳаммад Иқбол ба воситаи осори худ дар руҳияи мардуми азиятдида эҳсоси худшиносиро бедор месохт. Ҳамин тавр, дар охир донишҷӯёни шуъбаҳои ҳиндӣ ва урду аз ашъори Иқболи Лоҳурӣ бо як маҳорати хуб бо забонҳои тоҷикӣ ва урду шеърҳо қироат намуданд ва бо туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби сафорати Покистон дар Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Баҳруллои М.
радиои “Тоҷикистон”