Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар вобаста ба татбиқи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030” Конференсияи илмӣ- назариявӣ баргузор гардид.
Тавре сомонаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Конференсияи зикргардида дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир гардида, дар кори он муовини Раиси Кумита Абдулмаинзода Зарина Қадамшо иштирок ва суханронӣ намудааст.
Ҳамчунин бо баррасии татбиқи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030” аз ҷониби ширкатдорон аҳамияти ин барнома дар баланд бурдани нақши занон дар ҷомеа таъкид гардидааст.