Намояндаи Тоҷикистон бо Намояндаи Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ мулоқот кард

7 ноябри соли 2023 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ Мами Мизуторӣ мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкории муштарак дар масъалаи обу иқлим, коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ва амалӣ намудани ташаббуси Дабири кулли СММ оид ба низомҳои огоҳии бармаҳал мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин, дар вохӯрии мазкур имкониятҳои дастгирии Дафтари СММ оид ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ ҷиҳати татбиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 мавриди баррасӣ қарор гирифт.