Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Эстония суҳбати телефонӣ анҷом дод

7 ноябри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Эстония Маргус Тсахкна суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории тарафайн ва дурнамои рушди онҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.