Бахшида ба 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи минтақавии рақами 3-и ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара шӯъбаи эҳё ва ҷарроҳӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ то кунун мавҷуд набудани шӯъбаи ҷарроҳӣ ва эҳё дар беморхонаи минтақавии мазкур яке аз масъалаҳои муҳим барои сокинони деҳаҳои Чилгазиву Кӯлканд ва Лаккон ба шумор мерафт ва онҳо барои анҷом додани ҷарроҳӣ ба маркази шаҳри Исфара мерафтанд. Аз ин рӯ, ифтитоҳи шӯъбаи нави ҷарроҳӣ ва эҳё барои сокинони ин деҳот тӯҳфаи арзанда бахшида ба 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Зимни ифтитоҳи шӯъбаи номбурда роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва масъулини соҳаи тандурустии шаҳри мазкур иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки бо дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба рушди соҳаи тиб ва фароҳамсозии шароити замонавии корӣ барои табибон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шудаанд ва фаъолият дар ин самт идома дорад.
Шӯъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ дар ҷамоати деҳоти Чилгазӣ бо дастури бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, ки чанде қабл зимни боздид аз муассисаҳои табобатии шаҳри Исфара баён гардида буд, сохта ба истифода дода шуд.
Шӯъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ барои 4 кати эҳёгарӣ ва 14 кати ҷарроҳӣ пешбинӣ гардида, таҷҳизоти замонавии ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи зиёда аз 1 миллиону 225 ҳазор сомонӣ таъмин карда шудааст.
Кормандони соҳа дар шӯъбаи замонавӣ ба эҳтиёҷмандони ҷамоат хизматрасонии тиббиро аз рӯи ҳамаи намуди ёрии аввалияи ҷарроҳӣ ба роҳ хоҳанд монд.
Табибони беморхонаи мазкур аз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи тиб ва бунёди иншооти замонавӣ изҳори хушнудӣ карда, таъкид доштанд, ки баҳри таъмини солимии аҳолӣ содиқона хизмат мекунанд.