Агар ба форс равад корвони ашъорам… Чанд ҷумла ба зодрӯзи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ

Абудрраҳмони-Ҷомӣ

Сухан аз Абдурраҳмони Ҷомӣ аст. Аз таваллудаш 609 ва аз вафоташ 531 сол сипарӣ шуд. Турбати покаш дар шаҳри Ҳирот аст ва ҳамоно зиёратгоҳи аҳли илму ирфон, иродатмандони шеъру достон, уламои тариқат аст. Муаллифи бузургтарин шаҳкорҳо дар адабиёт, олими маъруф ва яке аз шайхони муътабари замони худ буд.

Ҷомӣ Нуриддин Абдурраҳмон ибни Низомуддин Аҳмад ибни Шамсуддин Муҳаммад (7.11.1414, деҳаи Харгарди вил. Ҷом – 9.11.1492, Ҳирот), шоири форс – тоҷик. Падару бобои Ҷомӣ аз мардони бофазлу дониш буда, дар ҳукумати вилоят мансабҳои калонеро ба ўҳда доштаанд. Ҷомӣ аз синни чаҳорсолагӣ ба мактаб рафта дар фурсати кўтоҳ соҳиби хату савод гардид, сарфу навҳи арабиро омўхт, «Қуръон»-ро ҳифз кард ва бо адабиёти классики форс- тоҷик шинос шуд.

Мураббии асосии Ҷомӣ падараш Низомуддин Аҳмад буд. Ҷомӣ дар синни ёздаҳсолагӣ ҳамроҳи падару модараш ба Ҳирот омада, дар мадрасаҳои ин шаҳр (Низомия, Дилкаш ва ғайра) таҳсили илмро давом дод. Ў дар назди Мавлоно Ҷунайди Усулӣ забони арабиро омўхта, доир ба илмҳои ҳикмат ва мантиқ аз олимони машҳури замон Хоҷа Алии Самарқандӣ ва Шаҳобуддин Муҳаммади Ҷоҷармӣ маълумот гирифт. Ҷомӣ аз кўдакӣ зеҳни бурою ақли расо дошт. Ў ба ҳар ҳодиса аз назари танқид менигарист ва бештар ба илмҳои дақиқ таваҷҷўҳ мекард. Қобилияту истеъдоди Ҷомӣ чунон бузург буд, ки ҳатто устодон аз ўҳдаи дарс додани ў баромада наметавонистанд. Ҷомӣ дар синни бистсолагӣ ба рисолае доир ба нуҷум шарҳ навишта, ба Самарқанд ба расадхонаи Улуғбек фиристод.

Мунаҷҷими машҳури давр Қозизодаи Румӣ (1360-1437) бо шарҳи ў шинос шуда, ба он баҳои баланд дод ва муаллифашро ба Самарқанд даъват намуд. Соли 1436 Ҷомӣ ба Самарқанд омад. Ў дар мадрасаи Улуғбек аз Қозизодаи Румӣ ва Фазлуллоҳи Абўлайсӣ таълим гирифт ва дониши худро роҷеъ ба нуҷум, ҳайъат, фалсафа, ҳисоб такмил дод. Ҷомӣ баъди хатми мадраса чанде дар Самарқанд монда, соли 1452 ба Ҳирот баргашт. Ў дар ин ҷо боз чанд муддат ба таҳсили илм, аз ҷумла, илми шеър машғул гардид. Дар ин айём ў бо яке аз бузургони ҷараёни нақшбандия Саъдуддини Кошғарӣ (вафот 1456) шинос шуда, ин тариқатро пазируфт. Пас аз марги устоди рўҳонии худ дар Хуросон роҳбари тариқати мазкур гардид. Вале ў бо мардум аз тариқати худ сухан намегуфт, аҳкоми тасаввуфро тарғиб намекард ва шайхони риёкорро ба зери тозиёни танқид мегирифт.

Ҷомӣ 7 бор ба сафар баромада, шаҳрҳои Самарқанду Тошканд ва Форобу Марвро дид. Як сафари тўлонии ў соли 1472 дар моҳи август оғоз ёфта буд. Ў шаҳрҳои Нишопур, Сабзвор, Бастом, Домғон Қазвин, Ҳамадон ва Бағдодро саёҳат карда, бо арбобони илму адаби ин кишварҳо вохўрд. Ин сафарҳо ба ҷаҳонбинии ў таъсири амиқ расонданд.

Ҷомӣ тақрибан солҳои 1458-59 дар қарибиҳои масҷиди ҷомеаи Ҳирот зиста, сипас ба Хиёбон – доманаи шимолу шарқии Ҳирот кўчид. Ниҳоят  9 ноябр соли 1492 аз олам дар гузашт. Ҳангоми вафоти Ҷомӣ аксари мардуми Ҳирот либоси мотам пўшиданд. Шоирон дар сўгвории ў марсияҳои пурсўз гуфтанд. Аз ҷумла, марсияи шогирди бовафо ва дўсти қадрдони ў Навоӣ дар таърихи адабиёти форс – тоҷик яке аз пурдардтарин марсияҳост.

Навоӣ дар сари турбати устоди бузургвораш иморати олие сохта, чанд касро нигоҳбони он таъин намуд. Вале ҷасади Ҷомӣ он ҷо ором нахобид, зеро шоҳи моҷароҷў Исмоили Сафавӣ ҳангоми истилои Ҳирот мақбари сохтаи Навоиро сўзонд. Ҷасади шоир эмин монда буд. Фарзанди Ҷомӣ Зиёуддин Юсуф ва як гурўҳ мухлисони падараш наъши ўро гирифта, дар ҷои дигар пинҳон карданд ва баъди фурў нишастани фитна онро боз, бурда дар ҷояш гузоштанд. Ҳоло оромгоҳи Ҷомӣ, ки дар шаҳри Ҳирот бо номи Тахти Мазор барҷост, зиёратгоҳи мардуми ҷаҳон аст.

Ҷомӣ адиб ва олими барҷаста буда, аз худ осори фаровони адабию илмӣ ба мерос гузоштааст. Куллиёти ў, ки соли 1490 худаш мураттаб сохтааст, 38 асарро дар бар мегирад. Ба ғайр аз ин якчанд асарро ба Ҷомӣ нисбат додаанд ва аз ин рў, миқдори асарҳои Ҷомӣ ба 46 расидааст.

Асарҳои бадеии Ҷомӣ дар таърихи тамаддуни халқи тоҷик Ҷомӣ яке аз забардастарин адибон шинохта шудааст. Аз осори бадеии ў се девон «Ҳафт авранг», «Баҳористон» ва ғайра боқист. Дар се девон – «Фотиҳат – уш- шубоб» (1478), «Воситат-ул-иқд» (1489), «Хотимат-ул-ҳаёт» (1491), ғазалиёт, қасоид, рубоиёт, қитаот ва дигар навъҳои шеъри Ҷомӣ ҷамъ омадаанд. Ҳаҷми умумии ин девонҳо бештар аз 16000 байт  мебошад. Ҷомӣ дар ғазалиёташ беҳтарин анъанаҳои ғазалсароёни машҳури гузашта – Саноӣ, Саъдӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҷалолиддини Румӣ ва махсусан Ҳофизу Камолро идома додаст. Дар ғазалҳои ў аксар маонии ошиқона ва матолиби орифона дарҷ ёфта, масоили тасаввуфу ирфон дар пардаи ишқу ошиқу маъшуқ баён гардидаанд. Дар ғазалиёти Ҷомӣ гоҳе ҳаҷву мазамати аҳли ҷоҳу риё, танқиди баъзе шахсони манфур ва ахлоқи разилаи онҳо, мадҳи баъзе аз подшоҳони вақт, панду насиҳат ва марсия низ ба назар мерасад. Дар қасоиди Ҷомӣ аз тавҳиду наът ва муноҷот, ирфону фалсафа, панду ҳикмат, шарҳи ҳол, шиква, ҷавоби гузаштагон, васфи табиат, мадҳу ҷавоби номаҳои подшоҳони муосири шоир сухан рафтааст. Қасоиди мадҳии шоир он қадар зиёд набуда, бештар панду насиҳати подшоҳонро дар бар мегиранд. Алалхусус, қасидаҳои дар мавзўоти фалсафӣ, ирфонӣ ва шарҳи ҳоли худ навиштаи Ҷомӣ- «Луҷҷат-ул-асрор», «Ҷило-ур-рўҳ» ва «Рашҳи бол ба шарҳи ҳол» мақоми хос доранд. Ҳамаи қасидаҳои Ҷомӣ аз ҳайси забону тарзи баён ва шеърият пухтаю расо ва равону бетакаллуф мебошанд. Ҷомӣ дар рубоиёти худ аксар аз ишқу ирфон баҳс мекунанд. Баъзе рубоиҳояш дар панду андарз, ҳасби ҳол ва шикваю зарофат гуфта шудаанд. Қитаоти ў бештар ба панду насиҳат оиданд.

 Муаллиф: А. Афсаҳзод

 Бознашр аз “Энциклопедияи Советии Тоҷик”. – Душанбе, 1988. – Ҷ. 8. – С. 495-498