Гӯсфанди зоти ҳисорӣ сирф тоҷикӣ буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад

 Чорводорӣ яке аз соҳаҳои муҳими бахши аграрии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши назаррас дорад. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 октябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 626 ҳазору 973 ҳазор сар чорвои калон, 6 миллиону 622 ҳазору 422 сар гӯсфанду буз ва 87 ҳазор сар асп мавҷуд буда, дар ин давра 202187,8 тонна гӯшт истеҳсол шудааст. 

Яке аз намудҳои чорвое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон парвариш ёфтаву дар ҷаҳон номдор аст, ин гӯсфанди зоти ҳисорӣ мебошад, ки  калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад. Гӯсфанди зоти ҳисорӣ сирф тоҷикӣ буда, таърихи пайдоишаш ба давраҳои дур рафта мерасад. Гӯсфанди ҳисорӣ — зоти дуруштпашму дунбакалони маҳаллӣ аст. Ин гӯсфандро барои гӯшту равған парвариш  намуда, дар водии Ҳисор ба вуҷуд овардаанд. Саршумори асосӣ ва зоти беҳтарини гӯсфанди ҳисорӣ дар Тоҷикистон мавҷуд буда, бештар дар водии Ҳисор ва вилояти Хатлон парвариш мешавад.

Тавре зимни суҳбат бо АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи селексия ва технологияи гӯсфандпарварӣ ва бузпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Сафаралӣ Наботов баён дошт, нақши гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар такмилдиҳии маҳсулнокии гӯсфандони зоти думбадор ва офаридани зотҳои нав дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон хеле калон буда, бо истифодаи гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар Тоҷикистон зоти гӯсфандони тоҷикии сергӯшту равған ва серпашми тоҷикӣ, дар Қазоқистон зотҳои думбадори «ордабасинӣ», ниммаҳинпашми «актюбинӣ», дар Узбекистон зоти сергушту равған ва серпашми «устюртӣ», инчунин зотҳои думбадори «келесӣ» ва «андиҷонӣ» офарида шудаанд. Ин корҳо ҳоло низ идома доранд.

Номи худро зоти гӯсфандони ҳисорӣ аз рӯи минтақаи парвариши онҳо, яъне  водии Ҳисори Тоҷикистон гирифтааст. Ҳанӯз соли 1298 сайёҳи машҳур Марко Поло зоти гӯсфандони ҳисориро дар қаламрави ҳамин мавзеъ вохӯрда, таасуроти худро оид ба ин гӯсфандон дар китоби худ чунин сабт намудааст: «Гӯсфанд аз рӯи ҷусса ба монанди маркаб, дорои думбаи  ғафсу калон бо вазни   30 фунт. Гӯсфандони фарбеҳи рағанӣ, дорои гӯшти болаззат».

Сафаралӣ Наботов изҳор медорад, ки дар самти такмил додани хусусияти ирсию маҳсулнокии зоти гӯсфандони ҳисорӣ олимони шуъбаи селексия ва технологияи гӯсфандпарварии Институти илмию таҳқиқотии чорводории Тоҷикистон, ки соли 1931 ҳамчун аввалин стансияи илмию таҷрибавии ҷумҳурӣ оид ба соҳаи чорводорӣ таъсис ёфта буд, корҳои илмию селексиониро оғоз намудаанд, ки то имрӯз бомаром идома меёбад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар айни замон саршумори зоти гӯсфандони ҳисорӣ дар Тоҷикистон беш аз 1, 7 млн сарро ташкил дода, ба парвариши он дар Тоҷикистон 7 заводу хоҷагиҳои зотпарварӣ машғул мебошанд.

«Бо шарофати вазни зиндаи калонтарин дар арсаи ҷаҳон минтақаи парваришу афзоишдиҳии гӯсфандони зоти ҳисорӣ танҳо дар Тоҷикистон маҳдуд нест. Тайи  солҳои гуногун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯсфандони зоти ҳисорӣ ба ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин ба Федератсияи Русия, Украина ва Беларус интиқол дода шуда,
парвариш мешаванд»,-изҳор медорад ҳамсуҳбати мо.

Ҳоло саршумори беҳтарин гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар заводҳои зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор, КВД «Зотпарвар»-и Ҳисор ва Шаҳринав, кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара, кооперативи истеҳсолии «Дилшод-Б»-и ноҳияи Варзоб ва дигар хоҷагиҳо парвариш меёбанд. Ин хоҷагиҳо дар парваришу афзоишдиҳии гӯсфандони хушзоту баландмаҳсул нақши асосӣ доранд.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи таҳқиқоти илмии бисёрсолаи олимони шуъбаи селексия ва технологияи гӯсфандпарварӣ Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорон дар заводи зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор типи  «фархорӣ»-и ин зот офарида шудааст.

Дар айни замон дар ду хоҷагии зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи олимони шуъбаи селексия ва технологияи гӯсфандпарварӣ ва бузпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияии илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони хоҷагиҳои зотпарварӣ корҳои илмию селексионӣ оид ба офаридани типи нави заводӣ бо номи «Шаҳринавӣ» ба анҷом расонида шуд. Соли 2022 аз тарафи комиссияи давлатии апробатсионӣ ба ин типи нави гӯсфандони зоти ҳисорӣ баҳои мусбат гузошта шуда, барои тасдиқи расмии давлатӣ ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. 15 апрели соли равон типи «Шаҳринавӣ»-и гӯсфандони зоти ҳисорӣ бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман  тасдиқ шуд.   Саршумори селексионии типи офаридашуда бо нишондиҳандаҳои зерини маҳсулнокӣ шарҳ дода мешаванд: вазни зиндаи барачаҳои навзод 5,5-7,5 кг, қӯшқорҳои наслдеҳ 135-145 кг, дар беҳтаринҳо то 175 кг, мешҳо-85-90 кг, дар беҳтаринҳо то 135 кг. Гӯсфандони ин тип дар баробари вазни зиндаи баланд инчунин дорои маҳсулнокии пашм низ мебошанд.

Ба гуфтаи Сафаралӣ Наботов, мактаби илмии гӯсфандпарварони Тоҷикистон дар ҳудуди минтақа ҳанӯз аз соли 1947 раҳнамою пешбари ин соҳаи муҳим  ба ҳисоб меравад. «Тавассути меҳнати тӯлонии олимон ва таҳқиқоти илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 рисолаи докторию номзадӣ дифоъ гардиданд. Афзоиши  саршумори  гӯсфандони  зоти ҳисорӣ имконият фароҳам меоварад, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсоли гӯшт зиёд гардида, дар таъминоти амнияти бехатарии озуқаворӣ саҳми босазо гузошта шавад», — афзуд ӯ.

Шаҳлои САДРИДДИН

Бознашр аз АМИТ «Ховар»