Вазорати фарҳанг бахшида ба “Рӯзи театри тоҷик” чорабинӣ баргузор мекунад

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунармандон, санъаткорон ва ҳамаи мухлисону ҳаводорони санъати театриро ба таҷлили «Рӯзи Театри тоҷик», ки 7-ноябри соли 2023 соати 17:00 дар театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ баргузор мегардад даъват менамояд.

Тавре Вазорати фарҳанг хабар медиҳад, дар ин чорабинӣ порчаҳо аз намоишномаҳои таи чанд соли охир таҳияшуда, бахшҳои консертӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ҳунармандон пешкаши ҳозирин гардонида мешавад.