Конфронси чоруми байналмилалии Раванди оби Душанбе, ки санаи 25–28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба як платформаи муҳим барои баррасӣ ва намоиши намунаҳои муваффақи дипломатияи об ва ҳамкориҳои бисёрҷониба табдил хоҳад ёфт. Дар ҷараёни конфронс иштирокчиён метавонанд таҷрибаи худро оид ба идоракунии муштараки захираҳои обии фаромарзӣ мубодила намоянд, механизмҳои таҳкими эътимод миёни давлатҳоро баррасӣ кунанд ва ҳамчунин равишҳои амалиро таҳия намоянд, ки обро ба омили сулҳ ва рушди устувор табдил медиҳанд.
Имрӯзҳо об ҳамчун як унсури калидии сиёсати хориҷӣ ва суботи байналмилалӣ арзёбӣ мегардад. Дипломатияи об ба ташаккули қарорҳои мутақобилан судманд мусоидат намуда, ба ҳамгироии масъалаҳои идоракунии захираҳои обӣ дар барномаҳои ҷаҳонии рушди устувор кумак мерасонад.
Конфронси оби Душанбе инчунин имконият фароҳам меорад, ки шарикони байналмилалӣ зиёд гарданд, ҳамкорӣ миёни кишварҳо, сохторҳои СММ ва ҷомеаи илмӣ густариш пайдо кунад, инчунин ташаббусҳое пешбарӣ гарданд, ки ба истифодаи самаранок ва сулҳомези захираҳои обӣ дар сатҳи фаромарзӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд.
conf2026.dushanbewaterprocess.org
