Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар Филармонияи давлатӣ

Имрӯз дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев чорабинии тантанавӣ бахшида ба рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардид.  Дар чорабинӣ рӯзноманигорон, шоирону нависандагон, адабиётшиносон ва дигар кормандони соҳаи фарҳанг иштирок намуданд.

Пеш аз оғози чорабинӣ дар филармония намоиши рӯзномаю маҷалла ва китобҳои тозанашр дар самти фарҳанг ва рӯзноманигорӣ баргузор шуд.

Дар оғози чорабинӣ Матлубахон Сатториён вазири фарҳанги кишвар баромад карда, қайд намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар низоми матбуоти миллӣ аз лиҳози шакл, муҳтаво ва таъинот таҳаввулоти ҷиддӣ касб намуд. Рушди босуботи технологияҳои рақамӣ ва телекоммуникатсионӣ имконият дод, ки фазои иттилоотии кишвар фаррохтар гардида, дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти боэътимод беҳтар шавад. 

Дар идомаи ҳамоиш Масрур Абдуллозода мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар замони муосир василаи асосии идора кардани афкори ҷомеа ин иттилоот ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир тарғиби андешаи солим аз ҷониби рӯзноманигорон барои таҳкими давлатдорӣ нақши муҳим мегузорад.

Ҳафиз Раҳмон адабиётшинос зимни суҳбат ба мо гуфт, ки пайдоиши матбуот на танҳо ба рушди фаъолияти рӯзноманигорӣ, инчунин ба ташаккули фаъолияти эъҷодӣ дар кишвар замина гузошт, зеро ҳама шоирону нависандагон аввалин шеъру ҳикояҳои худро тавассути матбуот ба мардум расониданд.

Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор фаъолон ҷиҳати саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи матбуот, нишони сарисинагии “Аълочии матбуоти Тоҷикистон” тақдим карда шуд. Инчунин аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон қисме аз журналистон бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон аз ҷониби иттифоқи журналистон ҷоизаҳо ба номи устон Абулқосим Лоҳутӣ ва ҷоизаи устод Воҳид Асорӣ  ва ҷоизаи Асадулло Саъдуллоев ба журналистон супорида шуд. Ҳамчунин аз ҷониби Вазорати фарҳанги кишвар барои иштироки фаъолона дар инъикоси руйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, ва иҷтимоию фарҳангӣ, ба қисме аз нашрияҳои мамлакат сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи “Бухорои шариф” 11 марти соли 1912 нашр гардида, дастраси хонандагон гардида буд ва имсол аз чопи ин рӯзнома 114 сол сипарӣ гардид ва бо ибтикори Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994  инҷониб дар саросари Тоҷикистон ба таври тантанавӣ ҷашн гирифта мешавад.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон”