Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик китоби тозанашри «Ганҷе аз ниҳонхонаи таърих»-ро дар арафаи ҷашни Наврӯз ба чоп расонд.
Ин асар матолиберо пиромуни зиндагӣ ва рӯзгори нодирмардони адабу ҳунар, риҷоли сиёсиву сипоҳӣ ва мазҳабии миллатамон, ки дар тамаддуни башарӣ мақоми воло доранд, дар бар мегирад.
Аз вижагиҳои муҳимми ин китоб маълумоти арзишманд дар мавриди шинохти ҷуғрофиёи таърихии сарзамини тоҷикон ва саҳифаҳои ниҳони таърихи ниёгон мебошад, ки онро ба як манбаи муҳими илмиву маърифатӣ табдил додааст.
Китоб бо гирдовариву вероиши Ҳамза Камол ва сармуҳарририи Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ дар соли 2025 ба зевари табъ ороста шудааст. Мутолиаи ин китобро ба ҳамаи дӯстдорони таъриху фарҳанги миллӣ ва доираи васеи хонандагон тавсия медиҳем.
Китобро аз Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дастрас намудан мумкин аст.
