Сафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳамватанони муқими Санкт-Петербург мулоқот намуд

12 марти соли 2026 дар ҳошияи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург мулоқоти cафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони иттиҳодияи ҷамъиятии ҳамватанони муқими минтақа ҷиҳати шиносоӣ бо шароити зисту фаъолияти онҳо баргузор гардид.

Зимни суҳбат, роҳбари Намояндагии дипломатӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалиро шарҳ дод.

Сафир оид ба тағйиротҳо дар қонунгузории кишвари иқомат иттилоъ дода, таъкид кард, ки фаъолияти роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои мутобиқшавӣ ба шарту шароитҳои нав ба шаҳрвандон таҳким дода шуда, ба онҳо мусоидат ва роҳнамоии ҳуқуқӣ намоянд.

Ҳамзамон аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, барои дар руҳияи арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ватандустӣ, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, ҳамроҳ нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ташвиқи ҳайёти тарзи солим ва дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавонон кӯшиш намоянд.

Дар фарҷом, роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон аз роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ даъват ба амал овард, ки дар корҳои ободонии Ватан ба мақсади дар сатҳи шоиста истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар фаъолона иштирок намоянд.