Имрӯз бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зистт назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси миллии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Пиряхҳо, иқлим ва захираҳои об; мушкилоти муосир ва ҳамкории байналмилалӣ», ки ба Рузи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бахшида шудааст, баргузор гардид.
Дар кори чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идорахои ҷумҳурӣ, олимон ва коршиносони соҳаи обу иқлим, намояндагони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин як қатор созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Конфронс бо сухани ифтитоҳии муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода оғоз гардида, мавсуф нахуст иштирокчиёнро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта таъкид дошт, ки баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги пиряхӣ ва сарчашмаи асосии захираҳои обии Осиёии Марказӣ дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба хифзи пиряхҳо нақши калидӣ мебозад.
Дар ҷараёни конфронс масъалаҳои муҳимми вобаста ба омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо, инчунин таъсири тагйирёбии иқлим ба захираҳои обии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокчиён аҳамияти таҳкими таҳқиқоти илмӣ, густариши ҳамкории байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои муосири мониторинг ва таҳлили маълумотро махсус таъкид намуданд. Ҳамзамон зарурати ҳамгироии натиҷаҳои таҳқикоти илмӣ ба равандҳои қабули қарорҳо дар самти захиракунии захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо таъкид гардид.
Инчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ниҳояти кори чорабинӣ як қатор тавсияҳо ва самтҳои афзалиятнок аз ҷумла:
барассии имконияти таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ ба омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо дар шаҳри Душанбе;
имконияти таҳқиқоти илмӣ ва моделсозии равандҳои пиряхҳо, таҳияи лоиҳаҳои муштарак бо ташкилотхои байналмилалӣ барои ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи чораҳои мутобиқшавӣ дар доираи Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2034;
истифодаи натиҷаҳои илмӣ дар банақшагирии сиёсати об ва иқлим;
омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии об (соли 2026) бо пешниҳоди ташаббусҳо ва тавсияҳои илмӣ-амалӣ, инчунин баргузор намудани чорабиниҳои канорӣ вобаста ба масъалаҳои пиряхҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба обу иқлим мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифт.
Олуфта Шарипова
радиои “Тоҷикистон”
