Зан на танҳо модар, балки хизматчии сохторҳои қудратӣ низ мебошад. Яке аз ниҳодҳои муҳим Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки Полковник Маҳбуба Саидова тӯли 20 сол адои хизмат дорад.
— Барои шумо ҳамчун зан-модар дар баробари мардон қадам гузоштан, хизмати Ватанро ба ҷо овардан мушкил нест?
Не, албатта. Ҳар шахсе, ки касби худро дӯст медорад, барояш мушкил нест. Зани низомӣ намунаи шуҷоат, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан аст. Либоси низомӣ бар тани ман на танҳо рамзи вазифа, балки нишони эътимоди давлат ва ҷомеа мебошад. Бисёр зани ҷасур ва нотарс ҳастам. Фахр аз он мекунам, ки ман зани низомӣ ҳастам. Ҳамаи супоришҳои роҳбариятро сари вақт иҷро мекунам. Ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда сари вақт ба ҷойи ҳодиса рафта, баҳри бартараф кардани он ҳамеша талош меварзам.
— Дар баробари кору фаъолият ба тарбияи фарзандон, эҳтироми шавҳар, оилаву оиладорӣ чӣ гуна вақт меёбед?
Бо вуҷуди ҳамаи ин уҳдадориҳо, пеш аз ҳама, ман модари меҳрубон ва ҳамсари вафодор мебошам. Баъд аз анҷоми кор бесаброна ҷониби хонаам раҳсипор мегардам. Тӯли 35 сол бо ҳамсарам Хушбахт Сатторов дунёи оиладорӣ дорем. Соҳиби 3 фарзанд ва 5 набера ҳастем. Зиндагии обод дорем. Албатта, фаъолияти шабонарӯзӣ ва даъватҳои ногаҳонӣ метавонанд ба зиндагии оилавӣ таъсир расонанд. Аммо маҳз дастгирии ҳамсар ва аъзои оила ба зани низомӣ неруи тоза мебахшад. Ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва муҳаббат асоси пойдории оилаи мо ба ҳисоб меравад.
— Фаҳмидем, ки ҳунари дӯзандагӣ низ доред?
Дар қалби ман ҳамчун зан-модар, муҳаббате ба ҳунарҳои мардумӣ низ ҷуш мезанад. Дар рӯзҳои истироҳатӣ ба дӯхтани либосҳои миллӣ машғул мешавам ва боз ҳунарҳои худро ба шогирдони хушзавқам бо муҳаббат меомӯзонам. Вақте зан ҳунар дорад, ӯ дар зиндагӣ муҳтоҷи касе намешавад. Бо шавқу завқи баланд ба худам ва аҳли хонаводаам куртаҳои миллӣ медӯзам.
— Тарбияи Ватандӯстӣ дар оила аз чӣ оғоз мешавад?
Зан-модар барои фарзандонаш бояд намунаи меҳрубонӣ, тарбия ва ахлоқи ҳамида бошад. Зани низомӣ нишон медиҳад, ки зан метавонад ҳамзамон модари ғамхор ҳам бошад. Тарбияи Ватандӯстӣ дар оила маҳз аз муҳити солими оила, ғамхориву меҳрубонии модар оғоз мешавад. Зани низомӣ дар баробари кор бояд дар оила фазои гарму меҳрубониро нигоҳ бидорад. Ҳаёт аз ӯ масъулият ва сабру таҳаммулро талаб мекунад. Вақте фарзанд дар муҳити созгори оила ба камол расид, ӯ албатта ватандӯсту хештаншинос мегарадад.
— Келинҳои хонавода бо шумо чӣ гуна муносибат доранд?
Ғамхориву ба роҳи рост ҳидоят кардани келинҳои хонавода бароям фарҳанги баланди оиладорист. Келинҳо ҷавононанд, баъзан хатогиҳо доранд, вале мо хушдоманҳо бояд таҳаммулпазир бошем, тарбия кунем, насиҳат кунем. Онҳоро ба зиндагии шоиста ҳидоят намоем, гузашт карданро бояд омӯзем чунки пойдории оилаҳои фарзандони мо аз мо калонҳо вобаста аст.
— Шумо зани низомӣ ҳастед, ҳолатҳое буданд, ки аз кор дер омадед ва барои омода набудани хӯрок шавҳар изҳори норозигӣ баён кард?
Ман кӯшиш мекардам пагоҳии барвақт хӯрок пӯхта баъд ба кор равам, чунки фарзандонам аз мактаб гурусна меомаданд. Баъзе корҳои хонаро ҳам субҳи барвақт мекардам, чунки бегоҳирӯзӣ баъд аз кор шахс монда шуда меояд. Шавҳарам инсони беҳтаринанд, то ҳол маро дастгирӣ мекунанд. Мо ҳаёти осоишта доштем.
Оилаи солим ба зан қувват мебахшад ва зани шуҷоъ бо хизматаш обрӯи оиларо боло мебарад. Чунин занону модарони кордон ифтихори миллат ва намунаи ибрат барои насли ҷавон мебошанд.
— Саодатманд бошед!
Зарина Мухторзода,
радиои “Тоҷикистон”
