Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҷаласаи ёздаҳуми Шурои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Шуро раисони ҷамоатҳо, сардорони раёсату шуъбаҳо, муассисаву ташкилотҳо, намояндагони соҳаи сайёҳии шаҳр ва дигар намояндагон иштирок намуда, корҳои анҷомдодашуда оид ба рушди сайёҳӣ дар соли 2025 ва ҷараёни татбиқи протоколи қаблӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарраи соҳаи сайёҳии шаҳрро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр гардид, ки дар заминаи дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ марҳила ба марҳила ба яке аз бахшҳои сердаромади иқтисодиёти миллӣ мубаддал хоҳад гашт.
Раиси Шуро Шоира Абдураҳимзода муовини раиси шаҳри Ваҳдат ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба нуктаҳои зикргардида, масъулини соҳаро оид бартараф намудани монеаҳо ва рушди сайёҳӣ дар шаҳр вазифадор намуд.
Сураёи Сироҷиддин
радиои “Тоҷикистон”
