Наҷоти кӯдаки ноболиғ аз ғарқшавӣ дар Душанбе

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳолати мавсими оббозии имсола, ки дар пеш аст, ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар муроҷиат менамояд, ки барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ бо кормандони кумита ҳамкорӣ намуда, дар ин самт аз худ, саҳми арзанда гузоранд. Ин дар ҳолест, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар маҳаллаи Варзоб — ГЕС, дар мавзеи фишории НБО — 1, писарбачаи ноболиғ соли таваллудаш 21.03.2021 зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб, Шоҳназарзода А. аз беэҳтиётӣ ғарқ мешавад. Ҳолати мазкурро кормандони НБО — 1, Маликов Муқимҷон ва Ализода Назира дида, кӯдакро аз ғарқшавӣ наҷот медиҳанд ва фавран ӯро ба беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе интиқол медиҳанд.

Дар ин хусус аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.   Хизматҳои шоёни онҳо аз мадди назари Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дур намонда, онҳоро бо кори наку ва ҷасорати ҷавонмардона қадрдонӣ намуда, ба онҳо тӯҳфаҳои ифтихорномаву сипосномаҳо супорида шуд.

Олуфта Шарипова

радиои “Тоҷикистон”