БАРРАСИИ “БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ СОЛИМИИ РЕПРОДУКТИВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2023-2027”

1-ноябри соли равон дар меҳмонхонаи Хилтон, мизи мудаввар баргузор гардидааст, ки чорабинии мазкур ба муаррифии «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №418 тасдиқ шудааст, бахшида буд.

Тавре Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҳамоиш муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаматзода З.М., Роҳбари Намояндагии СММ дар Тоҷикистон (ЮНФПА)  намояндагон аз вазорату идораҳо, роҳбарони зерсохторҳои алоқаманд (ПАГ ва П, Маркази миллии солимии репродуктивӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тиббӣ оилавӣ, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ), Раёсати тандурустӣ ва марказҳои солимии репродуктивии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин шарикон оид ба рушд иштирок доштанд.

Дар ҷаласа таъкид гардидааст, ки барномаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии репродуктивии аҳолӣ, беҳтар намудани саломатии занон, тарбияи ахлоқии ҷинсӣ, ҷалб намудани шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ барои таъмин намудани муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо маводи контрасептивӣ, омӯзонидани кормандони соҳа оид ба солимии репродуктивӣ, фаъолкунии идорасозии таъминот ва тақсимоти маводҳои пешгирандаи ҳамл, таҳияи маводҳои иттилоотӣ, маърифатӣ, баланд бардоштани маърифатнокӣ ва дониши аҳолӣ оид ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ, беҳбудии саломатии модарон ва навзодон, кӯдакону наврасон ва ҳифзи солимии репродуктивии аҳолӣ дар заминаи фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ таҳия шудааст.

Вазифаҳои Барнома ба ҳифзи солимии репродуктивии аҳолӣ, дастрасӣ ба хизматрасонии солимии репродуктивӣ, паст намудани фавти модарон, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо техника ва технологияи муосир, беҳтар намудани вазъи молиявии муассисаҳои тиббӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи таълимии зарурӣ ҷиҳати самаранок баргузор намудани дарсҳои таълимӣ вобаста ба солимии репродуктивии аҳолӣ равона шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Барнома дар се марҳила амалӣ карда мешавад:

Марҳилаи якум барои солҳои 2023-2025, ки Нақшаи амалӣ он аллакай бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №418 тасдиқ шудааст.

Марҳилаи дуюм соли 2026 ва марҳилаи сеюм соли 2027-ро дарбар мегирад.

Ёдовар бояд шуд, ки Барномаи мазкур, дуюмин Барномаи давлатӣ оид ба солимии репродуктивӣ ба шумор рафта, бо маблағгузории буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Дар рафти ҳамоиш иштирокчиён оид ба татбиқи Барнома фикру андешаи худро баён намуданд.