Имрӯз нахустнамоиши мазҳакавии “Кампир ёбам, падарҷон” ё ҳамон таъбири маъмули “Падар бояд зан гирад” дар театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ сурат гирифт.
Асари мазкур ба қалами адаби ӯзбек Хурсанд Холиқов тааллуқ дошта, онро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шодравон Аловиддин Абдуллоев тарҷума карда буд, чун мехост онро дар театри мусиқӣ-мазҳакаии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар рӯйи саҳна биёрад. Вале, урм вафояш накарду ин орзуи деринаашро бо худ бурд.
Акнун коргардони ҷавону лаёқатманди театри ба номи Лоҳутӣ Баҳром Қурбонзода ба хотири шод кардани равони устод Аловиддин Абдуллоев ин асарро рӯйи саҳна овард. Намоиш мазҳакаи иҷтимоӣ буда, дар худ масъалаҳои хонаводагӣ, муносибати фарзандон бо падару модар, пос жоштани одобу ахлоқ ва оинҳои миллиро ба таркиб дорад. Дар ин намоиш Ҳунарпешаҳои халқӣ Асабек Назриев, Зулхумор Иброҳимова, Ҳунарпешаҳои шоиста Мастураи Ортиқ, Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров, Маҳмадӣ Мизоалиев, ҳунарпешаҳои дигари театр Салоҳиддин Шукуров, Сония Наврӯзова, Малика Азизмамадова, Боймурод Ҳаитов, Суҳроб Назарзода, Нозанин Турақулзода нақш офаридаанд.
Таҳияи Лутфуллои Азиз