Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дорад. Имрӯзҳо санҷиши донишу малакаи хонандагони синфҳои 5 -11 гузаронида мешавад. Довталабони озмун аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср дар толорҳои алоҳида баромад карда, ҳунару истеъдоди худро ба ҳакамон нишон медиҳанд.
Имрӯз ҳам иштирокчиён бо таёрии ҷидди вориди толорҳои имтиҳонӣ шуданд. Чунин ба назар мерасад, ки имсол шумораи иштирокчиёни даври ниҳоии озмун нисбат ба солҳои қаблӣ хеле зиёд гардидааст. Нуқра Раҳмоншоева хонандаи синфи 10 – уми МТМУ рақами 7 – уми ноҳияи Рушони ВМКБ буда, соли дуюм аст, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи наминатсияи “Адабиёти классаки тоҷик” иштирок мекунад. Номбурда зимни суҳбат бо мо гуфт, ки озмун ба мо имкон дод, то сатҳи дониши худро муайян карда, барои рушду инкишофи он талоши бештар намоем.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи пешниҳоди Комиссияи озмун дар ҷараёни баргузории он шаффофият таъмин шуда, ҳакамон бояд аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳо гузоранд. Ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур шуморида шудааст, ки ҷараёни даври чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад. Маҳваш Бойматова хонандаи синфи 6 – и Гимназияи рақами 1 – уми шаҳри Гулистони вилояти Суғд буда, соли дуюм аст, ки дар озмун иштирок мекунад. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки давоми ин ду сол на танҳо осори адибони классики тоҷик, балки асарҳои адабиёти ҷаҳонро низ мутолиа намудааст.
Иштирокчии дигари озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи наминатсия “Адабиёти классики тоҷик” Камила Муллоева хонандаи синфи 8 – и МТМУ рақами 1 – уми ноҳияи Ишкошими ВМКБ буда, соли дуюм аст, ки дар озмун иштирок мекунад. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки китобхониро хеле дуст медорад ва хушҳол аз он аст, ки тавассути ин озмун аз тамоми қаламрави кишвар дӯстони зиёди китобхон пайдо намудааст.
Қайд кардан зарур аст, ки баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз он шаҳодат медиҳад, ки дар қатори паҳлӯҳои мухталифи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди нерӯи маънавиёти ҷомеа низ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии озмун 30 октябр шуруъ гардида, ҷамъбасти он пас аз 15 ноябр дар назар аст. Дар даври ниҳоии озмуни мазкур аз тамоми қаламрави кишварамон 528 нафар иштирок намуда, миёни ҳам рақобат менамоянд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”