ВКХ: Кумакҳои Тоҷикистон ба зарардидагони Афғонистон дастрас гардид

Кумакҳои Тоҷикистон ба зарардидагони зилзила дар Афғонистон ба шаҳри Ҳирот расиданд. Дар ин бора ВКХ кишвар хабар медиҳад.

Кумакҳои башардустонаи Тоҷикистон ба Комиссияи расонидани кумак ба зарардидагон супорида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз 7 октябри соли равон дар ноҳияҳои шимолу ғарби Ҳироти Афғонистон чанд заминларза ва пасларза ба амал омада, боиси ба ҳалокат расидани зиёда аз 2400 сокинони ин кишвари ҳамсоя гардид. Ҳамзамон чандин деҳа ба хок яксон шуда, сокинони зиёде бе манзили зист монданд.

Сипас бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони кумаки башардӯстона иборат аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарурӣ ба воситаи 130 мошини калонҳаҷми боркашон ба Афғонистон равон карда шуд.