27 октябри соли 2023 муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Манучеҳр Шарифзода бо даъвати Котиби генералии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳо- иштирокдорони ИДМ, дар конференсияи байналмилалии “Русский язык-основа интеграционного диалога в регионе СНГ”, «Забони русӣ асоси муколамаи ҳамгироӣ дар минтақаи ИДМ», ки дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, иштирок намудааст.
Ба иттилои Вазорати фарҳанг Манучеҳр Шарифзода дар чорабини мазкур баромад намуда, оиди моҳият ва зарурати омӯзиши забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни кишварҳои узви Иттиҳод андешаҳои хешро иброз дошт.
Ҳамчунин дар конфронс масъалаҳои омӯзиши забони русӣ ҳамчун забони модарӣ ва хоричӣ дар кишварҳои узви Иттиҳод ва берун аз он, мавқеи ҳозираи забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар ИДМ ва ҷаҳон, иқтидори забони русӣ дар самти ҳамкориҳои башардӯстона, ҷанбаҳои сотсиологии паҳншавии забони русӣ, забони русӣ ҳамчун забони байналмилалии дипломатӣ, забони русӣ ва фаъолияти тарҷумаи касбӣ ва ғайра мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтанд.
Хотиррасон мекунем, ки бо қарори Шӯрои сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2023 соли «Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар ИДМ» эълон гардидааст.