Дар Китобхонаи миллӣ тарҷумаи арабии китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” рӯнамоӣ шуд

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикстон чорабинӣ оид ба рӯнамоии тарҷумаи арабии китоби академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Вазорати маориф ва илми кишвар, Академияи милллии илмҳо, Китобхонаи миллӣ адибон донишмандон, омӯзгорон ва рӯзноманигорон баргузор гардид. Дар ин бора ҳамкорам Машраби Холмаҳмад аз рафти чорабинӣ иттилоъ дод.

Ба иттилои ҳамкорам чорабиниро директори Китобхонаи миллии Тоҷикстон Ҷумъахон Файзализода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки бо ташаббус ва дастгири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров бо тарҷумаи донишманди бузурги суриягӣ Иброҳим Истанбулӣ дар нашриёти “Баал”-и шаҳри Димишқи Ҷумҳурии Сурияи Араб ба табъ расидааст. Ҳамчунин, директори Китобхонаи миллӣ иброз дошт, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиносномаи миллат китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба арзишҳои баланди илмии худ бои дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ гардида, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун асари аз нигоҳи таърихӣ арзишманд шинохта шудаву мешавад.

Сипас, яке аз иштирокчиёни чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода баромад карда, таъкид кард, ки ташкил намудани чунин ҳамоиш ва тарҷумаи китоби “Тоҷикон аз он иборат аст, ки насли наврас ва ҷавононро ҳушманд гардонида , дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносии онҳо нақши муассир мебозад.
Ҳамчунин дар фарҷоми рӯнамоии тарҷумаи арабии китоби”Тоҷикон”-и Академик Бобоҷон Ғафуров нотиқони дигар илова карданд, ки тавассути тарҷумаи ин китоб ҷаҳони араб ба таърих, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон шинос хоҳанд шуд,- хабар дод ҳамкорам Машраби Холмаҳмад.