Пагоҳ дар Душанбе «Дави бокс» баргузор мегардад

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи бокси Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш дар ҳамкорӣ ба Федератсияи ҷаҳонии бокс бо иштироки доираи васеи варзишгарони ватанӣ дар шаҳри Душанбе 28 октябр соати 10:00 мусобиқаи оммавӣ-варзишии  «Дави бокс» баргузор менамояд.

Гуфта мешавад, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар самти таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, инчунин ғамхории доимӣ ҷиҳати дастгириҳои молиявию моддии варзишгарони муваффақи диёр ва имконияти баргузории мусобиқоти бошукуҳи варзишии сатҳи байналмилалӣ ҷиддан кор бурда шуда, варзишгарони мо пайваста ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд.

Дави бокс дар се марҳила: барои кӯдакону наврасон дар масофаи 500 метр, барои калонсолон – 6 км ва барои варзишгарони касбӣ ба масофаи 10 км гузаронида мешавад.