ҶОМИ ҶАҲОН – 2026: 16-УМИ НОЯБР БОЗИИ ДАСТАҲОИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ВА УРДУН БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Моҳи ноябри соли ҷорӣ бозии дастаҳо дар марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 оғоз мегардад. Тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «G» бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Урдун ва ғолиби ҷуфти даври аввали интихобӣ миёни дастаҳои Камбоҷа — Покистон бозӣ хоҳад кард.

Бозии нахустини худро дар доираи ин мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби миллии Урдун рӯзи 16-уми ноябри соли ҷорӣ баргузор менамояд. Вохурии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат мегирад.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё 36 даста ширкат мекунанд. Дастаҳо аз 16-уми ноябри соли 2023 то 11-уми июни соли 2024 шаш бозӣ анҷом медиҳанд.

Пас аз ҷамъбасти даври дуюми интихобӣ ғолибони нуҳ гурӯҳ ва дастаҳое, ки дар чаҳоргонаи худ ҷойҳои дуюмро мегиранд, муборизаро дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 идома дода, ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисмати финалии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.