Мулоқоти Ҳабибулло Воҳидзода бо сардори Шуъбаи идоракунии сарҳадоти Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ

26 октябри соли 2023 Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода дар бинои Агентӣ бо сардори Шуъбаи идоракунии сарҳадоти Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷаноби Алан Коул вохӯрӣ доир намудааст.

Тавре сомонаи расмии Агентии назорати маводи нашъаовар хабар медиҳад, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо рафти татбиқи Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои солҳои 2022-2025-ро мавриди муҳокима қарор дода, ҳамчунин пешниҳодҳоро оид ба таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаҳои нав барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи мазкур баррасӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ ба мавзӯи рушду таҳкими ҳамкории тарафҳо дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон аҳаммияти махсус дода шуда, дар ин робита ҷонибҳо аз афзоиш ёфтани қочоқи маводи нашъаовар ва фаъол гардидани масири Шимол изҳори нигаронӣ карданд.

Директори Агентӣ аз дастгириҳои пайвастаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда якчанд таклифу пешниҳодҳоро манзур намуданд.

Ҷаноби Алан Коул ҳамкории Агентиро бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ муҳим арзёбӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаву судманд бо Агентӣ омодагии худро изҳор намудааст.

Дар фарҷоми вохӯрӣ оид ба вазъи маводи мухаддир дар минтақа ва ҷаҳон байни ҷонибҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.