Мусобиқаи ABU DHABI GRAND SLAM-2023 барои ҷудокорони тоҷик бидуни натиҷа хотима ёфт

Давоми се рӯз аз 24-ум то 26-уми октябр дар шаҳри Абу-Дабии Аморати муттаҳидаи Араб, мусобиқаи ABU DHABI GRAND SLAM-2023 доир гардид. Дар рӯзи сеюми мусобиқа рақобатҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг ва +100кг миёни мардон ва дар вазнҳои -78кг ва +78кг миёни бонувон сурат гирифт.

Тоҷикистонро дар рӯзи охири мусобиқа Ҷаҳонгир Маҷидов -90кг ва Эмомризо Анварзода дар вазни -100кг намояндагӣ карданд.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюми ABU DHABI GRAND SLAM-2023 аз Вугар Толибови озарӣ бо се огоҳӣ (шидо) мағлуб гардида, аз идомаи сабқатҳо бенасиб монд.

Инчунин варзишгари дигари кишвар Эмомризо Анварзода (-100кг) дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм аз Аарон Фара аз Австрия бо имтиёзи иппон мағлуб гардид ва ӯ низ аз идомаи сабқатҳо бенасиб гашт.

Ҳамин тавр, мусобиқаи ABU DHABI GRAND SLAM-2023 барои ҷудокорони тоҷик бидуни натиҷа ба анҷом расид.