Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзуи “Омилҳои боздорандаи рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардида истодааст.
Дар кори он роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии кишвар, намояндагони муассисаву корхонаҳои дахлдор ва ВАО ширкат доранд. Дар ин бора ҳамкорамон Парвина Самандарзода аз рафти баргузории мизи гирд иттилоъ медиҳад.
Дар мизи гирд гуфта шуд, ки зуҳуроти инноватсионии рушди илм ва техника дар комплекси агросаноатии Тоҷикистон пайваста мавриди баррасӣ қарор дода мешавад, зеро хусусияти муҳимми марҳилаи кунунии тараққиёти умуман иқтисодиёти миллӣ ва аз ҷумла маҷмӯи
агросаноатӣ зарурати тезонидани рушди илм ва технология мебошад, ки асоси онҳоро равандҳои инноватсионие ташкил мекунанд, ки ба таҷдиди муттасили истеҳсолот дар заминаи рушди илму техника имкон медиҳанд.
Таъкид гардид, ки омилҳои ба рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсирбахш бояд пурра омӯхта ва дар амал ба роҳ монда шавад.
Бояд гуфт, ки дар мизи гирд як қатор масоили марбут ба комплекси агросаноатии Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ мешаванд ва мо дар нашрҳои минбаъдаи барномаи иттилоотии “Ахбор” доир ба ин мизи гирд маълумоти бештар хоҳем дод.