Бозии рӯз: Имрӯз дастаҳои «Равшан» ва «Абдиш-Ата» дар доираи Ҷоми КФО-2023/24 бо ҳам рақобат мекунанд

Имрӯз, 26-октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2023/24, байни дастаҳои «Равшан» (Тоҷикистон) ва «Абдиш-Ата» (Қирғизистон) баргузор мешавад. Вохӯрии дастаҳо соати 19:00 оғоз мегардад.

Дастаи «Равшан» баъди ду даври марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 ду имтиёз дорад. Қаҳрамони Қирғизистон дастаи «Абдиш-Ата» бошад бо касби 4-имтиёз дар гурӯҳи «Е» садрниш аст.

Барои дастгирии футболбозони «Равшан» кулли дӯстдорони футболи тоҷикро барои дастгирӣ даъват менамоем.