ХАТЛОН: ГАРДИШИ САВДОИ ХОРИҶИИ ВИЛОЯТ НИСБАТ БА СОЛИ ГУЗАШТА КОҲИШ ЁФТААСТ

Дар 9 моҳи соли равон ба вилояти Хатлон 50,1 млн доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 45,6 млн доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад. Дар ин бора дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон хабар дода шуд.

Гуфта шуд, ки дар маҷмӯъ, ба вилоят беш аз 1,5 млрд доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 1,4 млрд доллари он сармояи мустақими хориҷӣ мебошад. Ба вилояти Хатлон аз 28 кишвари хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба Русия (40,1%), Чин (38,1%), Эрон (18,1%) рост меояд. Ҳамзамон, дар вилоят 44 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда ба 838,3 млн доллар баробар мебошад. Барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ҳамкорӣ бо доираи соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ тақвият меёбад.

Дар давоми соли гузашта Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2021-2025-ум 46 фоиз таъмин гарида, дар давраи амалишавии барномаи мазкур 140 лоиҳа ба маблағи 3,9 миллиард сомонӣ бо пуррагӣ иҷро гардида, дар 91 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд.

Ғайр аз ин, дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят амалишавии барномаҳои рушд идома дошта, дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Темурмалик, Муъминобод, Восеъ, Ёвон, Ҳамадонӣ, Хуросон ва Шаҳритус амалишавии барномаҳо назаррас мебошанд. Дар ҳисобот зикр гардид, ки гардиши савдои хориҷии вилоят ба 365,6 млн доллар баробар шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба қадри 10,9 миллион доллар коҳиш ёфтааст.