КҲФ: ДАР НАТИҶАИ ОФАТИ ТАБИӢ БЕШТАР КӮДАКОНУ МАЪЮБОН АЗИЯТ МЕКАШАНД

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ якҷо бо шарикони байналмилалии рушд амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳоро бахшида ба «Рӯзи байналмилалии коҳиш хатари офатҳои табиӣ – 13 октябр»-ро дар байни тамоми қишрҳои аҳолӣ идома медиҳанд.

Тавре дар сомонаи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, таҳлили омори офатзадагон нишон медиҳад, ки асосан дар ин ҳодисаҳо кӯдакону маъюбон азоб мекашанд ва маҷруҳ мешаванд ва ҳатто дар баъзе мавридҳо ба ҳалокат мерасанд. Бо дарназардошти ин, кормандони КҲФ ҳама гуна чорабиниҳои тарбиявиро махсус барои аҳолии имконияташон маҳдуд мунтазам мегузаронанд.

Аз ҷумла рӯзи 12 октябри соли ҷорӣ кормандони КҲФ якҷо бо шарикони рушд дар доираи Барномаи «Тақвияти иқтидори маҳаллӣ ва миллӣ оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки хатари зилзила ва офатҳои табиӣ доранд» бо кӯдакони имконияташон маҳдуд ва мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳамсояи шаҳри Душанбе чорабиниҳои варзишӣ баргузор намуданд. Дар ин чорабинӣ 60 нафар кӯдакон иштирок намуданд. Ба кӯдакон барномаи варзишӣ, аз қабили арғамчинкашӣ, эстафета, аз болои сар гузарондани тӯб ва ғайра пешниҳод карда шуд. Онҳо супоришҳоро бо камоли майл иҷро карда, маҳорати худро нишон доданд. Дар фарҷоми чорабинӣ ба кӯдакон аз ҷониби созмондиҳандагони чорабинӣ дипломҳо тақдим карда шуд.