“Ҷумҳурият”: Қарзҳои ипотекӣ барои аксарият дастрас нестанд (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла паёмадҳои хатарбори сиёсисозии дин дар ҷаҳони имрӯз,  Рӯзи соҳибкорон дар Тоҷикистон, фоизҳои баланди қарзҳои ипотекӣ дар бонкҳои кишвар, зарурати қабули қонун дар бораи назорати маҳсулоти озуқавории аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва афзоиши нархи гази моеъ дар кишвар матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 12 октябр мақолае бо номи “Сиёсисозии дин ва омили зуҳури ифроту террор” чоп карда, муаллиф дар он сиёсисозии муосири ислом  ва паёмадҳои онро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф, зарбаи нахустини худро ин зуҳуроти манфӣ дар ҳудуди кишварҳои пасошӯравӣ дар шакли ғояҳои тундрави ваҳҳобия зери ниқоби  сиёсисозии ислом ба Тоҷикистони соҳибистиқлол расонд.  Муаллиф меафзояд, ки таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ равшан собит сохт, ки сиёсисозии дин дар таркиби худ зуҳуроти ифротӣ ва террористии либоси динӣ пӯшидаро дар ҳолатҳои зарурӣ  омода менамояд.

Муаллиф дар бахши дигари ин мақола бо такя ба андешаи пажуҳишгарон менависад, ки дар муддати асрҳо Шарқи наздику Миёна ва Шимоли Африқо ва умуман, кулли олами исломӣ майдони муборизаҳои сиёсӣ буданд, ки дар худ ҳам ифротгароии динӣ ва ҳам терроризми диниро доро буданд. Имрӯз бошад, вазъи нобасомони сиёсӣ – иҷтимоӣ бо мушкилиҳои иқтисодӣ фаъолшавии ташкилотҳои тундрави исломиро рӯи кор оварда, ба ифротгароию терроризми динӣ шаклҳои нав ва фарогиртар мебахшанд.   

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин мақолае таҳти унвони “Ипотека. Оё хонаобод мешавӣ?” чоп карда менависад, ки имрӯз шумораи бонкҳо бо пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ дар кишвар афзудааст, аммо талаботи бонкҳо «дандоншикан» буда, пардохти моҳона нисбат ба имкониятҳои молиявии бештари аҳолӣ хеле зиёд аст.

Ба навиштаи муаллиф, баробари афзудани аҳолӣ талабот ба манзилу замин низ, дучанд меафзояд ва тибқи омори расмӣ, имрӯз  шумораи оилаҳое, ки дар он 2-3 оилаи хӯрд якҷоя зиндагӣ мекунанд, дар Тоҷикистон қариб 17 дарсадро ташкил медиҳад. 

Муаллиф баъди баррасии фоизи бонкии қарзҳои ипотекӣ дар бонкҳои кишвар хулоса мекунад, ки меъёри фоизҳои пешниҳодӣ барои аксари аҳолӣ хеле баланд аст.

Дар ин замина Баҳром Шарипов, иқтисоддон гуфтааст, ки дар шароити кишвар бояд ҳиссаи давлат дар танзими ин раванд зиёдтар шавад, яъне зарур аст то як созукори боэътимод ва самараноки коҳиши хавфҳо пешниҳод ва истифодаи ипотека роҳандозӣ гардад. Ҳамчунин, ба гуфтаи вай ташаккули бозори молиявии коғазҳои дарозмуҳлати ипотекӣ ва харидуфурӯши онҳо ва ғайра, ки боиси паст шудани хавфҳо ва фоизи ипотека мешавад, ба манфиати кор хоҳад буд.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 9 октябр хабарҳои расмӣ, аз ҷумла натиҷаҳои мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микалле ва инчунин мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Раиси иҷроияи бунёдии саудии рушд Султон ибни Абдурраҳмон Ал-Маршад хабарҳои расмӣ чоп намудааст.

Ҳамчунин дар ин шумораи “Садои мардум” мақолаи вакили Маҷлиси намояндагон Комрон Исмоилиён бо номи «Аҳамияти Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ»  нашр шудааст.

Муаллиф дар робита ва зарурати таҳияву қабули Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон навиштааст, ки дар  шароити ҷаҳонишавӣ давлате  муваффақ мегардад, ки бо назардошти манфиатҳои миллӣ сиёсати дохилию хориҷии худро воқеъбинона ва дурандешона роҳандозӣ намояд. Бо назардошти ин ба гуфтаи муаллиф, бо  Фармони сарвари давлат соли 2015 Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, ҳамчун санади сиёсӣ принсипҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муайян намуд.

Консепсияи мазкур таҳия ва роҳандозии чунин сиёсати хориҷиро пешбинӣ менамояд, ки он ба мутобиқ намудани рушди кишвар ба равандҳои тавсеаёбандаи ҳамгироӣ, минтақавишавӣ ва ҷаҳонишавӣ мусоидат намояд, имконияти муносиби навро барои пешгирӣ ва рафъи хатарҳою чолишҳои имконпазир ба амнияти миллии он фароҳам оварад, заминаҳои мусоидро барои татбиқи пайгиронаи манфиатҳои миллӣ дар асоси воқеъбинӣ ва мутавозинӣ таъмин созад.

Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар матлаби дигар масъалаи санҷиш ва назорати воридоти маҳсулоти озуқавории аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба Тоҷикистонро баррасӣ карда, навиштааст, ки вазъияти феълӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.

Ба навиштаи муаллиф, тадқиқот нишон медиҳанд, ки маҳсулоти трансгении ба организми чорво, паранда ва моҳӣ роҳёфта ба воситаи гӯшту шир ва паниру тухм ба организми одамон низ бетаъсир намемонад. Илова бар ин, заҳрнокии баланди зироати бо роҳи тағйироти генӣ ба вуҷудомада заминро низ заҳролуд карда, миллионҳо ҳашарот ва парандаю ҳайвонотро нобуд месозад.

Бо назардошти ин муаллиф ба зарурати қабули қонуни нав дар Тоҷикистон дар бораи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда таъкид мекунад.

Нашрияи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 12 октябр табрикоти Нусратулло Давлатзода раиси Кумитаи андозро вобаста ба рӯзи соҳибкорон дар Тоҷикистон, ки ҳамасола 14 октябр ҷашн гирифта мешавад, чоп кардааст.  Давлатзода дар табрикоти хеш таъкид мекунад, ки воқеан, соҳибкорону сармоягузорон нерӯи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ҳастанд.

Ба гуфтаи вай, Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ зикр карданд, ки танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Раис  Кумиати андоз дар идома мегӯяд, ки дар умум, тавре мушоҳида мешавад, соҳибкорӣ дар Тоҷикистон бомаром рушд карда истодааст ва имрӯз саҳми он дар даромадҳои андозӣ ба буҷети давлатӣ зиёда аз 80 фоизро ташкил медиҳад. Ба хулосаи  Нусратулло Давлатзода, дар ҳақиқат, соҳибкорон дар Тоҷикистон барои ташаккули табақаи миёнаи аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, дар маҷмуъ, рушди босуботи иқтисоди кишварро таъмин менамояд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 11 октябр бо нашри мақолае масъалаи афзоиши якбораи нархи гази моеъ дар кишварро матраҳ кардааст. 

Муаллиф дар ин замина менависад, ки нархи 1 литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 7 сомонӣ ҳам гузашт. Ба навиштаи муаллиф далели ин ҳолатро ба камчинии газ ва лимит барои содирот аз ҷониби кишварҳои содиркунанда рабт медиҳанд, аммо мақомоти дахлдор, махсусан Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар хоби гарон аст.

Дар ин замина муаллиф аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки бо боло рафтани нархи гази моеъ нархи хизматрасонии нақлиёт низ боло меравад, зеро 70 дарсади нақлиёт аз гази моеъ истифода мекунанд. Нархи нақлиёт, ки боло рафт, аз дунболи худ нархи ҳама маҳсулот гарон мешавад.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”