Бо ташаббуси намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни чорабиниҳо роҳбарони муассисаҳои хориҷӣ аз дастовардҳои назарраси кишвар дар даврони Истиқлолият ёдовар шуда, саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва нақши афзояндаи кишварро дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст.
8 сентябри соли 2023 дар шаҳри Ашқобод маросими расмӣ бахшида ба таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур аз ҷониби Туркманистон муовини Раиси Девони вазирон оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, меҳмонон аз сохторҳои гуногуни кишвар, роҳбарону кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Ашқобод ва ҳамватанони бурунмарзӣ иштирок намуданд.
12 сентябр дар шаҳри Анкара 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ вазири ҷавонон ва варзиши Туркия, сафирони кишварҳои хориҷӣ дар кишвари муқим, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, кормандони корпуси дипломатӣ, ректорони донишгоҳҳои Анкара, зиёиён, роҳбарони корхона ва ширкатҳои саноатӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва намояндагони ВАО-и Тоҷикистону Туркия, дар маҷмуъ зиёда аз 400 меҳмон иштирок намуд.
Зимни баргузории чорабиниҳои мазкур намоишгоҳ ороста шуд, ки дар он имкониятҳои сайёҳӣ, хӯрокҳои миллӣ, меваҳои тару тоза, хушкмеваҳои шаҳдбор, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанӣ, чакандӯзӣ, либосҳои миллӣ, намунаҳои ресандагиву бофандагӣ, мусаввараҳои миллӣ ва ашъёи сангину чӯбини миллӣ ба намоиш гузошта шуданд.